Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “СТАРЕКС” ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 7-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай Старекс», Каримов Файзалӣ Азимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар зеркӯчаи байни манзилҳои истиқоматии маҳаллаи Гулпарвари пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Отахонов Муҳаммадҷон Собирҷонович, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button