Минтақа ва ҷаҳон

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚ ВА БИБИИ ПРЕЗИДЕНТИ КУНУНИИ ТУРКМАНИСТОН

Ҳукумати Туркманистон расман хабар дод, ки “дар моҳи шарифи Рамазон дар синни 86 Оғулобод Бердимуҳаммадова – модари Пешвои миллати туркман, Қаҳрамон –Аркадаг ва бибии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аз дунё рафт. Мардуми туркман ин хабари таассуфборро бо андуҳи гарон қабул кард”.

Иттилоияи расмӣ рӯзи 8 апрели соли 2023  тавассути сомонаи расмии  “Туркманистон.Асри тиллоӣ” (“Туркменистан.Алтын Асыр”) нашр шуд. Ин дар ҳолест, ки хабари даргузашти бибии президенти Туркманистон ҳанӯз шоми 7 апрел, дар пайи нашри барқияи сӯгвории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паҳн шуд.

Бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, Оғулобод Бердимуҳаммадова 15 июни соли 1937 дар деҳаи Бобораби ноҳияи Гёктеппа ба дунё омада, 6 фарзандро ба воя расондааст.

 “Туркманистон. Асри тиллоӣ” роҳи зиндагии ӯро “мактаби ибрат барои занони туркман” номида, аз ҷумла таъкид кардааст, ки “хидматҳои Оғулобод эҷе дар ғанӣ гардондани дастовардшои миллӣ дар рӯҳияи замони муосир, пуштибонӣ аз ҳифзи анъанаҳои асили мардумӣ, ҳифзу ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани ҳунари кашидадӯзӣ, ки дар он ӯ ба сатҳи баланди устодӣ расида буд, хеле бузург аст”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз шоми 7 апрел ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов барқияи сӯгворӣ фиристод, “Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”,– навиштааст Эмомалӣ Раҳмон ба президенти собиқи Туркманистон.

Эмомалӣ Раҳмон давоми рӯзи 8 апрел ҳамчунин ба президенти кунунии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ҳам занг зада, ба ӯ ба сабаби реҳлати модаркалонаш таъзия баён кардааст.

Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” бо такя ба хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки сафари президенти кунунии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Душанбе, ки мебоист 10-11 апрел сурат мегирифт, ба далели даргузашти бибии ӯ ба муҳлати номаълум ба таъхир гузошта шуд. Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додаанд, ки нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки бояд рӯзи 8 апрел доир мешуд, ва ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар, ки мебоист рӯзи 9 апрел доир мешуд, низ ба таъхир гузошта шуданд.

Раиси ҷумҳурии Тотористони Русия Рустам Миннихонов низ ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов барқияи таслият фиристода, ба ӯ дар амри пазируфтан ва паси сар кардани ин мусибати ҷуброннопазир: аз даст додани модар сабру тавон хостааст.

Радиои Азадлик хабар дод, ки рӯзи 7 апрел, дар рӯзи даргузашти бибии президент, дар Туркманистон ба сурати густарда, бо чанд маросими мутантану консертҳо ва мусобиқаи велосипедронҳо Рӯзи ҷаҳонии тандурустиро ҷашн гирифтанд. Президенти кунунӣ Сардор Бердимуҳаммадов дар ин тантанаҳо дар пойтахт, шаҳри Ишқобод иштирок карда, велосипедсаворӣ ҳам кард.

Падари ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бошад тантанаҳои бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустиро дар шаҳри навбунёди Аркадаг, ки ба шарафи ӯ чунин ном гирифтааст, раҳбарӣ кард ва низ дар пойгаи велосипедронҳо иштирок кардаву таронаҳои наверо, ки дар васфаш эҷод кардаанд, шунид.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 65 сол дорад, аз соли 2007 то 2022, тайи 15 сол раисиҷумҳури Туркманистон, ин ҷумҳурии саршор аз манобеи нафту гази собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ  бо беш аз 6 миллион аҳолӣ буд.

Дар аввали соли 2022 ӯ ба сурати ногаҳонӣ бо изҳори ин, ки хаста шудааст ва бояд ба ҷавонон роҳ кушод, курсии президентиро ба писараш Сардор дод ва худ ба курсии раиси палатаи болоии парлумон нишаст. Вале нозирони умур мегӯянд,  Сардор Бердимуҳаммадов танҳо ба ном президент аст ва дар асл кишварро ҳамчунон худи Бердимуҳаммадови калонӣ раҳбарӣ мекунад.

Сердар Бердымухамедов возглавил велопробег в Ашхабаде в честь Всемирного дня здоровья

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button