Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТ ВА ҶАРИМАИ 40 РОНАНДА ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ТАВАҚҚУФ ДАР ХАТТИ ДУЮМУ СЕЮМ (5 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе

Мутаассифона новобаста аз тадбирҳои ҳамешагӣ, ҳамоно бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар, оддитарин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд. Дар қатори дуюму сеюми роҳ таваққуф намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонанд, ки ин омил боиси ба вуҷуд омадани бенизомӣ дар роҳҳо мегардад.


  Дар асоси муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон, оид ба таваққуфи нодуруст ва ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидани ронандагон, санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобили Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори танзимкунандаи роҳу нақлиёти пойтахт, рейди муштарак дар кӯчаи А.Сино, шафати беморхонаи «Шифобахш» ва бозори «Корвон» гузаронида шуд. Дар ҷараёни чанд соати амалиёти мазкур зиёда аз 60-адад қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаркат дар роҳ муайян карда шуд.


  Аз ҷумла, нисбати 40-ронанда барои таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюм ва банд намудани таваққуфгоҳ тибқи талаботи моддаи 324, нисбати 15-ронанда барои бе иҷозатномаи дахлдор ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 ва нисбати 5-ронанда барои иваз намудани хати сайр тибқи талаботи моддаи 323 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Қобили зикр аст, ки ҳамзамон давоми ҳафтаи охир зимни баргузории амалиётҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки бархе аз ронандагони ширкатҳои мусофиркашони дигар манотиқи кишвар, ки тибқи қонунгузорӣ танҳо дар шаҳру ноҳияҳои худ иҷозатномаи ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шуданро доранд, худсарона хати сайри худро тағйир дода, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба хизматрасонии мусофирбарӣ машғул мебошанд. Дар бештари маврид дар натиҷаи ба шаҳри Душанбе ворид гардидани ин ронандагон боиси зиёд гардидани шиддатнокиии воситаҳои нақлиёт гардида, тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба миён меоранд. Аз ҷумла, давоми ҳафтаи ҷорӣ зиёда аз 90-далели дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул гардидани ронандагони ширкатҳои мусофирбари дигар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуда, нисбаташон барои вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ, тибқи талаботи моддаи 511 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораандешӣ карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button