ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОБХЕЗИҲО ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН. ХУШБАХТОНА, БИДУНИ ХИСОРОТУ ТАЛАФОТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 2 апрели соли 2023 боронҳои пуршиддат дар баъзе навоҳии шимоли кишвар боиси селу обхезиҳо шуд, вале хушбахтона, ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Чунончӣ,  2 апрели соли тахминан соати 17:00-17:10 дар натиҷаи боронҳои зиёд сел ҳудуди  кӯчаи Зуҳали шаҳри Хуҷандро фаро гирифт.

Тахминан соати  23:40 наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд  аз миёни лойқаи зиёд ду мошини тамғаи “Газел”-ро берун кашиданд.

Ҳамчунон бо талоши имдодгарон қисмате аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз шаҳри Хуҷанд убур мекунад, аз лойобаву селовардаҳо поккорӣ шуд.

2 апрели соли 2023, соати 17:00 бар асари боронҳои пайдарпай дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сел омада, ба ду километр роҳи маҳаллӣ зарар расонд. Ҳамчунин як хонаи истиқоматӣ қисман зери об монда, ду молхона ва бахше аз майдони боғи зардолу низ қисман зарар дид. 

Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов  низ сел омадааст. Ҳамчунин, 2 апрели соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара аз ҳудуди марзи Ҷумҳурии Қирғизистон сел омад ва лойоба наздик ба 200 метр роҳи маҳаллиро пӯшонд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин селҳо талафоти ҷонӣ надоштанд ва барои бартараф кардани паёмадҳои сел ва муайян кардани ҳаҷми зарари  расида дар минтақаҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда фаъолият доранд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки рӯзи 31 марти соли 2023 як кӯдаки ҳафтсола аз деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод дар сел ғарқ шуд. Гуфта мешавад, нимарӯзии 31 март, тахминан соати 12:55, сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, ба роҳ баромадааст, вале дар ними роҳ зери сел монда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо карда шуда ва ба волидонаш супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба пайвандони қурбонии сел изҳори таслият карда, ҳамзамон аз падарону модарон  хостааст,  фарзандонашонро, ки нури чашми онҳоянд, эҳтиёт кунанд.

“Дар чунин рӯзҳои боронӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии таъмини амнияти шумо ва атрофиёни шумост!” – гуфта мешавад дар иттилоияи ин ниҳод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button