ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҶАВОНЗАНИ 22-СОЛА БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.04.2023

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 23-сола дар заминаи авбошӣ

02

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ду ҷавони 25 ва 23-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе, 30-юми марти соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, бо якдигар ҷанҷол намуда, ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷавони 25-сола бо корди хоҷагии дар дасташ буда, зиёда аз 10-маротиба ба узвҳои бадани ҷавони 23-сола задааст.
Дар натиҷа, номбурда, ҷароҳатхои ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳои ҷавонзани 22-сола

03

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ ба тариқи ғайринақдӣ маҳсулоти гушти хоми мурғро гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад.
Инчунин, номбурда бо ин мақсад тахминан санаи 22-юми ноябр то санаи 12-уми декабри соли 2022, бо ҷабрдида вохӯрда, бар ивази маблағи 284 ҳазору 759 сомонӣ маҳсулоти гуштӣ гирифта, қисми маблағашро баргардонида боқимонда маблағи 114 ҳазору 716 сомониро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, номбурда бо ҳамин роҳ тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2022, ба боварии зани 69-солаи сокини пойтахт даромада, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи пулӣ ба охирин аз фоидаи ба дастовардааш як миқдорашро ба ӯ медиҳад.
Сипас гумонбаршаванда, бо ин мақсад санаи 27-уми ноябри соли 2022, бо ҷабрдида, дар назди бозори “Саховат” вохӯрда маблағи пулӣ дар ҳаҷми 160 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ бармегардонад.
Боз маротибаи дуюм санаи 7-уми декабри соли 2022, аз охирин манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда хонаи мазкурро ба номи дигар кас ҳуҷҷатгузорӣ карда, ваъда додааст, ки маблағашро пас аз 1 рӯз бармегардонад, аммо маблағи 460 ҳазор сомонии ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда бо ҳамин роҳ тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2022, ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи пулӣ ба охирин аз фоидаи ба дастовардааш як миқдорашро ба ӯ медиҳад.
Сипас, гумонбаршаванда, бо ин мақсад тахминан аз аввали моҳи октябр то миёнаи моҳи декабри соли 2022 бо ҷабрдида, дар ҳудуди маҳаллаи Яккачинор вохӯрда, мунтазам дар 5 марҳила маблағҳои пулӣ дар ҳаҷмҳои гуногун, дар умум 60 ҳазору 700 сомонӣ талаб намуда гирифта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Номбурда, тахминан аввалҳои моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии зани 33-солаи сокини пойтахт даромада, ваъда намудааст, ки бар ивази маблағи пулӣ аз дигар давлат маҳсулоти гушти хоми мурғ бо нархи арзон дастрас менамояд. Номбурда, дар ду марҳила аз аввали моҳи ноябр то миёнаи моҳи декабри соли 2022, маблағи пулӣ дар ҳаҷмҳои гуногун дар умум 228 ҳазор сомонӣ ва 74 ҳазор рубли русӣ гирифта, бар ивази он маҳсулоти гушти хоми мурғро таъмин накарда маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми дуздӣ

143

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 25 ба 26-уми марти соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳониӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад корти миллии ширкати “Ҳумо”, ки дар дохилаш 4 ҳазору 362 сомонӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button