ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

БЛОГЕРИ ТАРАФДОРИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНАРО ДАР ШАБИ ЭҶОДИАШ ТАРКОНДАНД (ВИДЕО)

Шоми 2-юми апрели соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар қаҳвахонаи “Street Food Bar N°_1”,  ки дар кӯчаи “Университетское набережное, 25” ҷойгир асту қаблан мутааллиқ ба Евгений Пригожин, асосгузори ширкати ҳарбии ЧВК Вагнер буд,  таркиш рух дод. Бино ба навиштаи матбуоти Русия, таркиш дар соати 18:14 бегоҳи якшанбе, вақте рух дод, ки дар ин қаҳвахона яке аз мубаллиғони ҷанги зидди Украина хабарнигори ҳарбӣ Владлен Татарский, ки дар каналаш дар Телеграм беш аз ним миллион обуначӣ дошт, “шаби эҷодӣ”-и худро доир мекард.

Татарский ҳамонест, ки баъди мулоқоти Путин бо блогерҳои тарафдори ҷанг воҳима карда буд, ки “ҳамаро шикаст медиҳем, ҳамаро мекушем, агар даркор шавад, ҳамаро ғорат мекунем ва ҳама чиз тавре мешавад, ки мо дӯст медорем”.

Дар натиҷаи таркиш, дасти кам 30 нафар захмӣ ва як нафар кушта шудааст. Вазорати тандурустии Русия тасдиқ кард, ки аз ин шумор 24 танро бистарӣ намудаанд ва вазъи 6 нафари онҳо  бад аст.

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, ки дар ин таркиш таркиш, Владлен Татарский, ки номи аслиаш Максим Фомин аст, кушта шудааст. Як дӯст ва ҳамкори Татарский ба BBC гуфтааст, ки “Владлен то расидан ба беморхона зинда буд, аммо дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона ҷон дод”.

Бино ба навиштаи “Фонтанка”,  қаҳвахонаи “Street Food Bar N°_1”  пештар ба асосгузори ЧВК “Вагнер” мансуб буда, ҳар рӯзи якшанбе дар ин ҷо маҳфиле бо номи “Кибер Z фронт”, ки асосан нафарони тарафдори таҷовузи Русия ба хоки Украина ҷамъ меомаданд, баргузор мешуд.

РИА Новости бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки “аз эҳтимол дур нест, ки маводи таркандаро як духтар, ки худро Настя муаррифӣ намуда, ба Татарский ҳайкалчаеро тӯҳфа кард, оварда бошад”.

Вале шабакаи пропагандии RT хабар медиҳад, ки “дар Кумитаи иктишофии Русия фарзияе ҳам вуҷуд дорад, ки шояд қаблан қаҳвахона бомбгузорӣ шуда бошад”.

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар дод, ки аллакай он духтари гумонбаршаванда зимни як амалиёти вижаи нерӯҳои махсуси ФСБ дар хонааш ҳамроҳи шавҳараш боздошт гардиданд. Гуфта мешавад, исми ӯ Дарья Трепова буда, аз ҷонибдрони мухолифони президенти кунунии Русия Владимир Путин ва сиёсати ӯ будааст.

Дарья Трепова - РИА Новости, 1920, 03.04.2023
Даря Трепова

Аммо блогер Рустем Адагамов дар Твиттер навишт, ки Даря Трепова гӯё гуфта бошад, ки ӯро “подстава” кардаанд ва ӯ намедонист, ки дар дохили ҳайкалча бомба гузоштаанд.

Расонаҳои наздик ба мақомоти Русия аз боздошти хешу табор ва дӯстони ин духтар, аз ҷумла модару падарандараш хабар доданд.

Владлен Татарский аслан Максим Фомин ном дошта, соли 1982 дар шаҳри Макеевкаи вилояти Донетски Украина, ки ҳоло Русия  қисми зиёди ин вилоятро ғасб кардааст, ба дунё омадааст. Ӯ амуда, ҷумҳурии худхонадаи “ДНР” эълон намудааст, дар соли 1982 таваллуд шудааст.

Z-блогери тундзабон пас аз ҳамлаи Русия ба Украина бо задани суханони қабеҳ ва тунд бар зидди Украина дар байни мардум Русия маъруф шуд.

Ӯ аслан Максим Фомин ном дошта, дар шаҳри Макеевкаи вилояти Донетски Украина, ки ҳоло Русия ғасп намуда, ҷумҳурии худхонадаи “ДНР” эълон намудааст, дар соли 1982 таваллуд шудааст.  Фомин пас аз хатми мактаби миёна мисли падараш дар як кони ангишт дар вилояти Донетск ба ангиштканӣ машғул шудааст. Баъдан ба тиҷорати хурде машғул шуда, бо ҷурми дуздии бонк бо силоҳи оташфишон дар маҳбаси Горловка зиндонӣ ҳам шуда буд.

Ба гуфтаи худаш, санаи 21-уми июли соли 2014  ҷудоихоҳони Донбас ба бинои зиндоне, ки Татарский дар он адои ҳукм мекард, ҳамла оварда, маҳбусонро раҳо карданд ва Татарский баъди аз маҳбас баромадан ба ҷудоиталабони тарафдори Русия пайваста,  бар зидди Украина меҷангид.

Баъдан ӯ ба Русия кӯчида, рӯ ба блогерӣ меорад. Татарский асосан дар робита ба ҷанги зидди Украина ва баъзан аз наздикиҳои хатти ҷабҳа видеоҳо пахш мекард ва изҳори назар мекард. Татарский ахиран аз тарҳи сохтани масҷид дар як маконе, ки гӯё пештар дар онҷо калисо будааст, ба тундӣ танқид карда, гуфта буд, “мусулмонон набояд дар маконҳои муқаддаси масеҳиён масҷид созанд”.

Ҳамчунин ӯ навори шиканҷаи як гурҷӣ аз сӯи зархаридони Вагнерро низ нашр намуда, аз миллатгароёни рус пуштибонӣ намуда буд. Татарский ҳамин тавр ҳамеша тарафдори сохтани як гурӯҳи миллигароёна буд, ки ба гуфтаи вай, “танҳо аз славянҳо иборат бошад”.

Мубаллиғони Кремл, ба мисли Тина Канделаки ва Маргарита Симоня, Украинаро дар қатли ин блогери мубаллиғи ҷанг гунаҳкор карда,  аз артиши Русия хостанд дар ҷавоб ба куштани Татарский шаҳрҳои Украинаро бомбаборон кунад.

Роҳбари “ДНР” Денис Пушилин низ Украинаро гунаҳкор донист. Дигар нафарони расмии Русия низ бе ягон далел ҷони Украинаро гунаҳкор дониста, хостори ҷавоби дандоншикан шуданд.

Вале дар ҳамин ҳол Михаил Подоляк, ёвари президенти Украина қатли Татарскийро “терроризми дохилӣ ” номид ва навишт: Тортанакҳоро ба хӯрдани якдигар оғоз намуданд. Вақте ки терроризм як абзори ҳукумат мешавад, дур нест, ки он дар дохили кишвар низ ба кор бурда шавад”.

Пештар аз ин низ ниҳодҳои амниятии Русия хадамоти ҷосусӣ ва иктишофии Украинаро  дар қатли Даря Дугина, духтари Александр Дугин,як файласуфи миллатгарои наздик ба Путин дар санаи 22 августи соли 2022 айбдор карда буданд. Украина даст доштанашро дар сӯиқасд ба Дугин, ки мунҷар ба марги духтараш шуд, рад карда буд.

https://theins.ru/news/260635

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Аз қадим тоҷикон як қавли зебо доранд: “хас кам, ҷаҳон пок”!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button