ВидеоСиёсатТоҷикистон

АБДУЛЛОҲИ ШАМСИДДИН БАРОИ УЗВИЯТ ДАР “ТЭТ” ВА ЧАНД ЛАЙК БА 7 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе нимаи дуюми рӯзи 29 марти соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саидро бар асоси ду банди моддаи 307  ба узвият дар созмони мамнӯъ ва лайк гузоштан дар зери матлабҳои “зиддидавлатӣ” гунаҳкор дониста, ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Абдуллоҳи Шамсиддин 18 январи соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд ва аз он замон дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаи парвандаи ӯ дар додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 28 март оғоз ёфт ва ҳамагӣ ду рӯз давом кард. Ба хоҳарони Абдуллоҳи Шамсиддин, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, иҷозат додаанд, ки дар мурофиаи парвандаи ӯ иштирок кунанд.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар ҷараёни мурофиа чанд шоҳид баёнот додаанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери чанд матлаби роҳбарони оппозитсия лайк гузоштааст. Худи Абдуллоҳи Шамсиддин дар мурофиа дар посух ба суолҳои додрас лай гузоштанаш зери чанд матлаб ва ҳам узви “созмони террористию экстремистӣ”, ё ТЭТ, буданашро ба гардан гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан бо ин ибора ҳизби мамнӯи наҳзатро дар назар доранд.

Маълум нест, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар чӣ шароите ин ду иттиҳомро эътироф кардааст.

Абдуллоҳи Шамсиддин, ки 33 сол дошта, аз соли 2009 дар Олмон ба сар мебурд, нафақат писари яке аз асосгузорони ҲНИТ Шамсиддини Саид аст, балки домоди раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ низ ҳаст: Сумайя Пирова, ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин фарзанди апаи Кабирист.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Мақомоти Олмон ӯро рӯзи 12 декабри соли 2022 аз манзилаш дар шаҳри Дортмунд гирифта, ҳамон рӯз ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен оварданд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Шоми ҳамон рӯз аз Дортмунд ба Душанбе ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвози мустақим анҷом медод. Аммо Абдуллоҳ худро ба девор зада, бинияшро шикаст ва ба ин далел, рӯзи 12 декабр ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин сурат нагирифт ва ӯро аз Мюнхен ба Дюсселдорф оварда, дар як боздоштгоҳ ҷой карданд.

Рӯзи 18 январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддинро бо ҳавопаймои “Туркиш Эйрлайнз” тавассути Истанбул ба Душанбе бурданд.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун дар бораи ихроҷи ӯ аз Олмон ба Душанбе ва тафтишу мурофиаи парвандааш ягон шарҳ надодаанд.

Падари ӯ Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Замони донишҷӯӣ як ҷавоне иддао мекард, ки бузургтарин ҳизб дар Тоҷикистон баъди ҳизби ҳоким, ҳизби наҳзати и.т. аст, ки тақрибан ё беш аз 40-ҳазор аъзо дорад ва чандин курсӣ дар парлумони кишвар. Аммо, ин “бузургтарин” ҳизб имрӯз бузургтарин коре, ки анҷом медиҳад ин аст, ки “илтимос, аъзоёни зиндонии моро, ки пир шудаанду беморанду бегуноҳанду фалонанду фалонанд, озод кунед”! Ҳизбе, ки 40-50 сол собиқа, беш аз 40-ҳазор аъзо, чанд сол таҷрибаи ҷангу бурду бохт ва аввалтар аз ҳама намояндаи сиёсии эътиқоди ҳазорсолаи халқ аст, ҳеч коре аз дасташ намеояд??? Агар ҳизб чунин заъиф бошад, маълум мешавад, ки раиси ҳизб заъифтар аз он аст. Пас, эй халқи тоҷик барои таъсис ва рушду камоли ҳизби мо (“Тағйири Тоҷикистон”) саҳм гузоред, дар кӯтоҳтарин муддат зиндагии шоҳона хоҳед дошт!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button