ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ МУҲОҶИРОН ЯКБОРА АЗ СЕ ВИЛОЯТИ СМОЛЕНСК, ВОЛОГДА ВА НОВГОРОДИ РУСИЯ

Рӯзи 24 марти соли 2023 якбора аз се вилояти Русия: Смоленск, Вологда ва Новгород дар бораи ихроҷи чанд гуруҳи муҳоҷирон хабарҳо ба даст расид. Тавре ба назар мерасад, ихроҷи муҳоҷион дар Русия дигарбора ба як амри муқараррӣ табдил ёфта истодааст.

Нашрияи “Рабочий путь”  хабар дод, ки аз вилояти Смоленск 4 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардаанд. Онҳо 8 март марзи Русия бо Беларусро убур карда, алакай рӯзи 9 март ақиб баргаштаанд. Бо ин умед ки бо убури марз метавонанд будубоши худро дар Русия дубора аз сифр оғоз кунанд.

 “Ҳеҷ кадоми онҳо ҳуҷҷатҳое, чун корти муҳоҷират, ки ҳаққи будубошашон дар қаламрави Русияро тасдиқ кунад, надошт. Ба ин далел, нисбат ба онҳо протокол тартиб дода шуд ва додгоҳи ноҳияи Сафонов ҳар кадомашро 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми берун карданашон аз Русияро баровард. Ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ гирифтааст ва приставҳо дар пайи иҷрои он мебошанд”, – хабар медиҳад “Рабочий путь”.

Хабаргузории “Север-Информ” хабар дод, ки аз аввали сол аз вилояти Вологда алакай 30 муҳоҷири ғайриқонуниро берун кардаанд ва ахиран боз ду нафар ихроҷ шуданд.

 “Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Русия бе ҳаққи будубош ва кор қарор доштанд, Онҳо дар Вологда ва Череповетс ба сар мебурданд. Додгоҳ онҳоро ба ҷарима ва ихроҷ маҳкум кард. Приставҳо ин ду нафарро то фурудгоҳҳои Маскав бурда, ба дасти марзбонони супурданд, то ба кишварҳои зодгоҳашон равон кунанд. Дар шиносномаи онҳо муҳр зада шудааст, ки ҳарду барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардиданд”, – хабар медиҳад “СеверИнформ” бо такя ба идораи приставҳои вилояти Вологда.

Сомонаи “Газета Новгород” аз ихроҷи 10 нафар: 6 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин вилоят хабар дод. Бино ба ин манбаъ, яке аз ихроҷшудагон шаҳрванди Тоҷикистон Т. аз моҳи январи соли 2022 дар Великий Новгород ғайриқонунӣ ба сар мебурд. Ӯро моҳи ноябри соли 2022 дастгир кардаанд. Ин муҳоҷири тоҷик гуфтааст, шиносномаашро гум кард ва ба ҳамин далел, натавонист муҳлати будубошашро қонунан дароз кунад.

 “Приставҳо барои таҳияи шиноснома барои ин шаҳрванд расман муроҷиат карданд ва баъди омода шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро бо парвози Санкт-Петербург – Душанбе ба Ватанаш фиристоданд”, – хабар додааст хадамоти матбуоти идораи приставҳои вилояти Новгород ва афзудааст, ки соли 2022 аз ин вилоят 56 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button