ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒАРҚ ШУДАНИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” ДАР ЛЕВАКАНТ ВА ДУЗДИИ ЯК ЗАН ДАР БОЗОРИ “ПАНҶШАНБЕ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.03.2023

Ғарқ шудани ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

41

23-юми марти соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Маҳмадзоир Ҳамроевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба самти шаҳри Левакант, аз уҳдаи идора кардани воситаи наклиёт набаромада ба канори тарафи рости роҳ баромада, ба канали обгузар автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Рустамова Хуршеда Ҳусейновна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкур, аз дохили об мебарояд ва худи ронанда, Раҷабов М.Ҳ. дар об ғарқ шуда, ҷасадаш то ҳол дарёфт карда нашудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани зани ҷавоҳирдузд

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 51-солаи сокини ноҳияи Ашт, 20-уми марти соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи фурӯши тилловории зани 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, воқеъ дар ошёнаи дуюми маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз»-и бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, 1-адад ангуштарин ва 2-адад гушвори тиллоиро, ки арзишашон 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button