Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДУХТАРИ МИРЗИЁЕВ ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ НОМИ ӮЗБЕКИСТОН СУХАНРОНӢ КАРД

Саида Мирзиёева, духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид, ки бахшида ба масоили об санаи 22-24 -уми марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор гардид, аз ҷониби ҳайати Ӯзбекистон суханронӣ кард. Ӯ аз минбари Созмони Милал пиромуни оқибатҳои фоҷиабори баҳри Арал ва талошҳое, ки ҳукумати Ӯзбекистон барои рафъи он анҷом медиҳад, суҳбат кард.

Ба гуфтаи ӯ, “ташаббусҳои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба ҳифзи муҳити зист дар сатҳи байналмиллалӣ пуштибонии васеъ пайдо кардааст. Аз ҷумла аз ҷониби СММ пазируфтани пешниҳоди Мирзоев дар мавриди наҷоти баҳри Арал дар соли 2021, хеле шароитро дар атрофи ин баҳри рӯ ба нестӣ оварда беҳтар намуд”.

Ҳамчунин духтари Мирзоев таъкид намуд, ки ҳукумати Ӯзбекистон барои амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба наҷоти Арал 14 миллион доллар ҷудо намудааст.

Саида Мирзиёева дар поёни суханронии худ аз минбари СММ шеъреро бахшида ба наҷоти баҳри Арал бо забони қарақалпоқӣ қироат намуд. Дар умум ӯ хоҳиш кард, ки кишварҳои ҷаҳон барои наҷоти баҳри Арал ва рафъи мушкилоти об ба Узбекистон кӯмакҳои худро дареғ надоранд. Бино ба навиштаи расонаҳои ӯзбекӣ, “бори аввал буд, ки забони қарақалпоқӣ аз минбари баланди СММ садо дод”.

Ҳамчунин Саида Мирзиёева дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки зимни ин сафари худ ба Амрико ӯ бо ӯзбекистониҳои муқими Амрико вохӯрдааст: “Дар Ню-Йорк ман бо диаспораи узбекистониҳо вохӯрдам. Зимни ин мулоқот бо ҳамватанони азиз маро шаҳрдори шаҳри Ню-Йорк, ҷаноби Эрик Адамс ҳамроҳӣ намуд. Барои ман хеле муҳим буд, ки як армуғони Наврӯзие барои онҳо аз ватанашон бирасонам. Ман ба онҳо аз пешрафт ва дигаргуниҳои кишварамон гуфтам. Ва аз ҳама муҳим, хеле миннатдорам аз онҳо. Бо вуҷуди онки онҳо дур аз Ӯзбекистонанд, вале доимо кӯшиш мекунанд то нафъе ба ватанашон расонанд”.

Саида Мирзиёева духтари калонии Шавкат Мирзиёев буда, соли 1984 дар Қӯқанд таваллуд шудааст. Ӯ  хатмкардаи Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ӯзбекистон аст.

Саида Мирзиёева аз соли 2019 то соли 2022 муовини  раиси Оҷонсии иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи президенти Ӯзбекистон буд. Ҳамчунин аз феврали соли 2020 муовини раиси Бунёди ҷамъиятии кӯмак ва рушди расонаҳои миллӣ дар Ӯзбекистон низ буд. 

Дар моҳи ноябри соли 2022 Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон духтарашро ба роҳбари бахши иртиботот ва сиёсати иттилооти дастгоҳи иҷроияи президент таъйин намуд. Яъне Саида Мирзиёева амалан ноиби мушовири президент ба шумор меравад.

Пас аз ин мунтақидон ӯро бо Гулнора Каримова, духтари президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов монанд карда, гуфтанд, непотизм ва ё ҳамон хешутаборбозӣ дар давраи Мирзиёев низ идома дорад.

Вале ба фарқ аз Гулнора Каримова, Саида Мирзиёева ба тиҷорат машғул нест. Ҳарчанд дар бораи дар тиҷоратҳо даст доштани шавҳараш, ки ӯ ҳам дар дастгоҳи президент кор мекунад, гузоришҳое нашр шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    28-уми сентябри соли равон раиси маҷлиси миллии маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон, раиси шаҳри душанбе рустами эмомалӣ дар иҷлосияи 78-уми маҷмааи умумии созмони миллали муттаҳид иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button