ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

АЗ ЖУРНАЛИСТ РУСТАМИ ҶОНӢ ТАЛАБ ДОРАНД, КИ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАРДАД ВА ТАВБА КУНАД

Журналист Aнора Саркорова, ки ҳамроҳи шавҳараш Рустами Ҷонӣ дар Аврупо ба сар мебаранд ва асосан ҳаводиси марбут ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, хабар дод, ки рӯзи 23 марти соли 2023 модари 68-сола ва бародари ӯро ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъват карданд ва дар онҷо муфаттиш Ҳаким Шафиев ба модари ӯ хабар додааст, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти созмони ифротии аз ҷониби додгоҳ фаъолияташ мамнӯъшуда бо истифода аз матбуот ва Интернет парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. 

Намояндагони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Сино то кунун хабари кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Рустами Ҷониро расман шарҳ надодаанд.  Худи ӯ моҳи феврал хабар дода буд, ки ба зиддаш парванда кушодаанд. Бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 ба вай ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Анора Саркорова менависад, ки муфаттиш Шафиев ба модари ӯ парвандаро нишон дода, айбномаашро қироат кардааст ва сипас гуфтааст, ки “Рустамро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор медиҳанд ва боздошти ӯ фурсати зиёде талаб намекунад”.

Саркорова ҳамчунин навиштааст, ки гӯё «Ҳаким Шафиев талаб кардааст, то Рустам ба Тоҷикистон баргашта, дар видео ба гуноҳаш эътироф ва тавба кунад, баъди ин, ба гуфтаи Шафиев, мақомоти Тоҷикистон ӯро мебахшанд ва ҷавоб медиҳанд”.

Анора Саркорова бо изҳори нигаронӣ аз  таъқиби хешовандони ӯву шавҳараш дар Тоҷикистон, аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, ки аз онҳо ҳимоя кунанд. Саркорова гуфт, бо вуҷуди ин таъқиботи наздиконашон, онҳо ба роҳи худ идома дода, дар бораи ончӣ ки дар Тоҷикитсон мегузарад, ҳақиқатро хоҳанд навишт.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва маҳбусони сиёсии Тоҷикистон, як ниҳоди наздик ба оппозитсияи тоҷик, дар як изҳорот парвандаи зидди Рустами Ҷониро “сиёсӣ” ва таъқиби наздикони онҳо дар Тоҷикистонро “посух ба фаъолияти рӯзноманигории Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорованомида, низ аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон хостааст, ки ба ин қазия дахолат кунанд.

Анора Саркорова дар гузашта хабарнигори бахши русии ББС дар Тоҷикистон буд, вале аз соли 2017 вазорати хориҷаи Тоҷикистон дигар иҷозатномаи фаъолияти ӯро тамдид накард.

Рустами Ҷонӣ дар солҳои 90 дар ТВ Тоҷикистон кор карда, баъдан “Ориёно Медиа”, ширкати матбуотии “Ориёнбонк”ро роҳбарӣ мекард, ки умури расонаҳое, чун “Русское радио – Ориёно” ва “радиои “Имрӯз” дар ихтиёраш буд. Ӯ дар Тоҷикистон ҳамчунин нашрияи ҳаррӯзаи “Имрӯз Нюс”ро таъсис дод. Аз соли 2015 то 2019  Рустами Ҷонӣ дар дафтари марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор мекард.

Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ аз сиёсати мақомоти Тоҷикистон нисбат ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба вижа аз саркӯби хунини эътирозҳо дар ин вилоят дар моҳи майи соли 2022 ба шиддат интиқод мекунанд.  Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо бо истифода аз силоҳ ва нирӯҳои вижа (спетсназ) беш аз 30 нафар кушта ва дар ҷараёнми амалиёти вижа тақрибан 200 зодаи Бадахшон дастгир шуданд. Дар байни дастгиршудагону кушташудагон аксари лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон низ буданд.

Аксари аҳолии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон пайрави равияи Исмоилияи мазҳаби шиъа буда, ба забонҳои помирӣ ҳарф мезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button