ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИКИ ҶАВОНМАРГРО ДАР АМРИКО БА ХОК СУПУРДАНД

Размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидовро дар Амрико ба хок супурдаанд. Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 18 марти соли 2023 бар асари ҷароҳате, ки ҳангоми машқ бардошт, аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ 4 фарзанд ятим монд

Далер Амрихудоев, яке аз дӯстони варзишгари марҳум,  ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсар ва чор фарзанди ӯ муқими Амрико ҳастанд ва тасмим шуд, ки ҷасадашро ба ватан нафиристанд”.

Ба гуфтаи Амрихудоев, Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 9-уми март ҳангоми тамрин аз ҳуш рафтааст, вале ҳанӯз сабаби ба “хунрезии мағзӣ” гирифтор шуданаш маълум нест. “Мақомоти Амрико ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ эълон нашудааст,” – афзуд Далер Амрихудоев.

Муҳаммадалӣ Саидов, ки то ҳол ягон бор дар майдон шикаст нахӯрда буд, бар асари ҳангоми машқ лат хӯрданаш рӯзи 18 марти соли 2023 дар Амрико ҷон бохт. 

Бахши варзишии хабаргузории русии ТАСС бо такя ба  бошгоҳи Муҳаммадалӣ Саидов хабар дод, ки варзишгари тоҷик ҳангоми машқ ҷароҳати вазнин бардошт ва гирифтори хунрезии мағзӣ (кровоизлияние в мозг) гардид. Муҳаммадалӣ Саидов дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дошт ва тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ нафас мекашид, вале рӯзи 18 март табибон гуфтаанд, ки мағзи сари паҳлавони тоҷик алакай мурдааст ва ӯро аз дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҷудо карданд.

“Муҳаммадалӣ ҳангоми спарринг лат хӯрд ва дучори хунрезии мағзӣ гардид. То ҳол ҳаёти ӯро тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҳифз мекарданд. Вале шаби 17 ба 18 март табибон гуфтанд, ки дигар коре аз дасташон намеояд ва дастгоҳро хомӯш карданд”, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Муҳаммадалӣ Саидов соли 1994 дар Тоҷикистон ба дунё омада, қаблан ба варзиши ҷиу-ҷитсу машғул буд. Ахиран Муҳаммадалӣ ба ММА гузашт ва дар ин риштаи варзиш ду пирӯзӣ ба даст оварда, ягон бор мағлуб нашуда буд.

Мутаассифона, риштаи умри ин паҳлавони тоҷик ба чунин сурати фоҷиавӣ, бар асари ҷароҳати ҳангоми машқ бардоштааш канда шуд.

Дар сомонаи Go Fund Me, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои байналмилалии ҷамъоварии кумакҳо, чанд рӯз боз  бо ибтикори дӯсташ Далер Амрихудоев маъракаи ҷамъоварии кумак барои фарзандони ятиммондаи Муҳаммадалӣ Саидов идома дорад. Ташаббускори ҷамъоварии кумакҳо навиштааст, ки мақсадашон кумак ба ҳамин 4 кӯдаки хурдсол аст, ки ягона саробони худро аз даст дода, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону ноумед мондаанд. То имрӯз тавассути ин маърака барои бозмондагони варзишгари ҷавонмарги тоҷик наздики 17 ҳазор доллар хайр кардаанд.

Ҷамъоварии кумакҳо давом дорад ва агар Шумо низ мехоҳед, ки дар ин кори хайр саҳм бигиред, метавонед хайри худро тавассути ин сомона бифиристед:

https://www.gofundme.com/f/qhexh4-50000

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Амрикошинос Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Муттассифона, қонуни иёлоти муттаҳида иҷозат намедиҳад, ки ҷасади шаҳрвандони хориҷӣ бидуни ҷарроҳӣ ба ватанашон интиқол дода шавад, яъне бояд қабл аз интиқоли ҷасад дилу гурда ва дигар аъзоҳои дохилии майитро бурида бигиранд. Бисёриҳо ба ин кор розӣ нестанд, ба ин хотир салоҳ медонанд, ки дар инҷо дафн кунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button