ВарзишВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ ПАҲЛАВОНИ 29-СОЛАИ ТОҶИК МУҲАММАДАЛӢ САИДОВ ДАР АМРИКО

Размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидов, ки то ҳол ягон бор шикаст нахӯрда буд, бар асари ҳангоми машқ лат хӯрданаш дар Амрико ҷон бохтааст.

Бахши варзишии хабаргузории русии ТАСС рӯзи 18 марти соли 2023 бо такя ба  бошгоҳи Муҳаммадалӣ Саидов хабар дод, ки варзишгари тоҷик ҳангоми машқ ҷароҳати вазнин бардошт ва гирифтори хунрезии мағзӣ (кровоизлияние в мозг) гардид. Муҳаммадалӣ Саидов дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дошт ва тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ нафас мекашид, вале рӯзи 18 март табибон гуфтаанд, ки мағзи сари паҳлавони тоҷик алакай мурдааст ва ӯро аз дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҷудо карданд.

“Муҳаммадалӣ ҳангоми спарринг лат хӯрд ва дучори хунрезии мағзӣ гардид. То ҳол ҳаёти ӯро тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҳифз мекарданд. Вале шаби 17 ба 18 март табибон гуфтанд, ки дигар коре аз дасташон намеояд ва дастгоҳро хомӯш карданд”, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Муҳаммадалӣ Саидов соли 1994 дар Тоҷикистон ба дунё омада, қаблан ба варзиши ҷиу-ҷитсу машғул буд. Ахиран Муҳаммадалӣ ба ММА гузашт ва дар ин риштаи варзиш ду пирӯзӣ ба даст оварда, ягон бор мағлуб нашуда буд.

Мутаассифона, риштаи умри ин паҳлавони тоҷик ба чунин сурати фоҷиавӣ, бар асари ҷароҳати ҳангоми машқ бардоштааш канда шуд.

Аз Муҳаммадалӣ  4 фарзанди хурдсол ятим монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Раиси донишмандони тоҷик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзодаи Ҳамадонӣ гуяд:

    Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун!
    Эй умар! Ҳар рӯз мешунавӣ, ки касе аз дунё гузашт, инро бидон, ки рӯзе хоҳанд гуфт: умар мурд!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button