ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

РАҲБАРИ ХИТОЙ БА МАСКАВ МЕОЯД. БАРОИ ОШТӢ ДОДАНИ РУСИЯ БО УКРАИНА?

Сомонаи расмии Кремл рӯзи 17 марти соли 2023 хабар дод, ки Си Ҷинпинг, раиси Ҷумҳурии халқии Хитой рӯзи 20-уми март барои дидани ҳамтои руси худ, Владимир Путин, озими Маскав шуда, то санаи 22-юми март дар Русия боқӣ мемонад.

Ҷониби Маскав хабар медиҳад, ки “зимни ин вохӯрӣ, сарони кишварҳо дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи равобити ду кишвар сӯҳбат хоҳанд кард”. Ҳамчунин дар хабар омадааст, ки “дар чаҳорчӯби сафари президенти Хитой интизор меравад сарони кишварҳо чандин санади ҳамкориҳои дуҷонибаро низ имзо хоҳанд кард”.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба сафари раҳбари Хитой ба Русия, аз вазорати корҳои хориҷии Чин ба РИА Новости гуфтаанд, ки “Пекин дар мавриди бӯҳрони Украина мавқеъгирии объективӣ дорад ва дар пешбурди музокирот байни Русия ва Украина нақши созандае бозӣ хоҳад кард”.

Ахиран нашрияи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Си Ҷинпинг дар рӯзҳои наздик бо президенти Украина низ аз тариқи телефон сӯҳбат хоҳанд кард, вале пеш аз сӯҳбат бо Зеленский Сӣ Ҷинпинг ҳатман бо Путин дар тамос хоҳад шуд. 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Рейтерс дар аввали ҳафтаи равон навишта буд, ки Сӣ Ҷинпинг то охири ҳафта ба дидори Путин хоҳад рафт. Аз ҷумла манбаъ таъкид намуда буд, ки зимни ин вохӯрии дуҷониба, Сӣ Ҷинпинг дар мавриди тарҳи сулҳе, ки дар солгарди истилои Русия ба Украина, Пекин нашр карда буд, мепардозад”.

Зеленский пештар дар робита ба тарҳи сулҳе, ки аз ҷониби Чин тарҳрезӣ ва пешниҳод шуда буд, гуфта буд, ки баъзе аз бандҳои пешниҳодкардаи ин тарҳ мушобеҳи тарҳи сулҳе аст, ки худи ӯ зимни баромадаш дар ҳамоиши G20 пешниҳод карда буд. Ӯ гуфта буд, ки дар ҳар сурат, омода аст бо Сӣ Ҷинпинг вохӯрда, ин тарҳро ба таври муфассал баррасӣ кунад.

Аз ҷумла дар ҳарду тарҳ, ҳам тарҳи Хитой ва ҳам тарҳи Зеленский таъкид мешавад, ки “бояд амалиёти ҷангӣ фавран қатъ гардида, якпорчагии кишварҳо эҳтиром карда шавад”.

Он вақт Маскав гуфта буд, ки “бо ин тарҳи пешниҳоднамудаи Хитой ихтилофи назар доранд, вале аз миёнҷигарии Сӣ Ҷинпинг истиқбол хоҳанд намуд”.

Вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи 17-уми марти соли 2023 дар мусоҳибааш бо Би Би Си дошт бори дигар таъкид намуд, ки “президенти Украина омода аст, ки бо Си Ҷинпинг дар мавриди сулҳ музокира кунад”.

Чин аз аввали рӯзҳои ҷанги Русия ба зидди Украина ба таври расмӣ мавқеи бетарафиро ихтиёр намуд, вале дар давоми ҷанг ба таври пинҳонӣ ба Маскав кумакҳое мерасонд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико низ аз миёнҷигарии Чин дар мавриди сулҳи Украина истиқбол намуда, таъкид намуд, ки “Амрико умедвор аст, ки Чин бо истифода аз нуфузе, ки болои Русия дорад, Маскавро барои ба поён расонидани ҷанг дар Украина водор кунад “.

Ба назар мерасад, Чин пас аз он ки  ахиран Эрону Арабистони Саудӣ, ду рақиби дерина дар Ховари миёнаро  оштӣ дод, мехоҳад ба ҳайси миёнарав дар ҷанги байни Русия ва Украина низ он муваффақияташро такрор кунад.

Коршиносони соҳа бар он боваранд, ки ҳам кишварҳои Ғарб, ҳам Украина ва ҳам Русия эҳтиёҷ ба миёнарав доранд, то ба ин ҷанги бемаъние, ки Путин оғоз кард, билохира нуқта гузоранд.

Онҳо ҳадс мезананд, ки Путин дар мавриди Украина ба  иштибоҳ роҳ дода, ба хоки ин кишвар лашкар кашид, бехабар аз он, ки ӯро дар онҷо доми азиме мунтазир аст.

Бо гузашти бешаз як сол, артиши Русия дар ҷанги Украина талафоти зиёд дод ва  дар дохили кишвар ҳам иқтисодаш зери таҳримҳои Амрико ва Аврупо миёншикан шуд.

Ба назар мерасад, ки кишварҳои Ғарб низ аз ин ҷанги гаронбаҳо хаста шудаанд. Аз як тараф, гарон шудани нархи газу нафту барқ ва аз тарафи дигар,  ирсоли миқдори бузурги силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбӣ ба Украина ба иқтисоди Аврупову Амрико низ беасар намондааст.

Аз ин лиҳоз чунин ба назар мерасад, ки  шояд иродаи ҳарду ҷониб то ҳадде барои нуқта гузоштан ба ин ҷанги бемаънӣ пухта расида бошад ва миёнҷигарии Хитой шояд ҷонибҳоро ба сӯи оштӣ таҳрик бидиҳад. Албатта, агар уқобҳои ҷангӣ аз ҳарду тараф дигарбора дастбакор нашаванд ва ба кабӯтари сулҳ дар фазои Украина маҷоли парвоз надиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button