ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР ИСТАРАВШАН, ГОВДУЗДӢ ДАР ҶОМӢ ВА БОЗДОШТИ РАҲБАРИ ҶДММ “СОМОН ТУР” БО ИТТИҲОМИ ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.03.2023

Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди Истаравшан

63

Шаби 15-уми марти соли 2023, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Мамадкаримов Бахтиёр Мамурович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Спитамен ба самти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Почокалонов Ихтиёр Дониёрович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Почокалонов И.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии чорво

090

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 32 ва 34-солаи сокинони ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва Хуросон, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 36-сола

25

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки моҳи январи соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ, роҳбари ҶДММ «Сомон-Тур», марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 27 ҳазору 400 сомонӣ ва 1 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ ҷевони рахти хоб тайёр карда медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button