ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУСУЛМОН ШУДУ НОМАШРО БА САЛМОН ИВАЗ КАРД… КУШТА ШУДАНИ БОЗ ДУ МАҲБУСИ ТОҶИКИСТОНӢ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА (4 АКС+ВИДЕО)

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта ҷанозаҳои боз ду маҳбус аз Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба Тоҷикистон оварда, якеро дар шаҳри Душанбе ва дуюмиро дар ноҳияи Шаҳритӯс ба хок супурдаанд.

Як манбаи “Бомдод” хабар дод, ки намози ҷанозаи Холёров Талабшо, соли таваллудаш 1991, ки аз маркази ноҳияи Шаҳритӯс буд, рӯзи 9 марти соли 2023, баъди намози бомдод дар масҷиди маркази ноҳия баргузор шуд.

“Талабшо дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Маълум нест, ки ӯро чӣ гуна ва бо чӣ ваъдае аз маҳбаси Русия ба ҷанги Украина бурданд ва ӯ кай ва дар куҷои Украина кушта шуд? Вале ҷасадашро шаби 8 ба 9 март ба Тоҷикистон оварданд ва субҳи 9 март ба хок супурданд”, – хабар дод ҳамсуҳбати “Бомдод”.

То ин соат тафсилоти аз ин бештар дар бораи сарнавишти ин маҳбуси тоҷики дар ҷанги Украина кушташуда дар даст нест.

Манбаи дигари “Бомдод” хабар дод, ки ахиран дар оромгоҳи маҳаллаи “3-юм база” дар канораҳои шарқии шаҳри Душанбе Вячеслав Нижегородтсев, соли таваллудаш 1983, зодаи пойтахти Тоҷикистонро ба хок супурданд.

“Славик Нижегородтсев дар шаҳри Улан–Уде, маркази ҷумҳурии Бурятистони Русия бо маводи мухаддир ба даст афтода буд ва чанд сол боз зиндонӣ буд. То адои ҳукми ӯ ҳамагӣ ягон 6 моҳи дигар боқӣ монда буд ва барои наздиконаш нофаҳмост, ки ӯ ба хотири чӣ барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ шудааст. Славик дини Исломро қабул карда, номашро ба Салмон иваз карда буд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Кай ва дар куҷои Украина ва дар чӣ шароите кушта шудани зодаи Душанбе Славик (Сулаймон) Нижегородтсев маълум нест.

Танҳо аз аввали моҳи март алакай ҷанозаҳои се маҳбуси тоҷикистонии дар ҷанги Украина кушташударо ба Ватан оварда, дар инҷо ба хок супурданд. Ин ба истиснои маҳбусони дигари кушташудаест, ки дар қабристонҳои вижаи ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” дар кишвари Краснодар ва дар вилояти Маскав дафн карда мешаванд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ахиран хабар дод, ки дар аввали моҳи март Манучеҳри Садриддин, соли таваллудаш 1992,  дар  зодгоҳи модараш, деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, дар канораҳои шимолии шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.  Ба гуфтаи ду манбаи алоҳидаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҷанозаи Манучеҳрро, ки дар як маҳбас дар вилояти Свердловски Русия адои ҳукм мекард, аз Украина оварданд. Чӣ гуна, кай ва дар куҷои Украина кушта шудани ӯ маълум нест, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, Манучеҳр, ки як бачаи нотарсу ба қавли мардум, бехун буд ва дар Русия низ бо ҷурми авбошӣ зиндонӣ шуда буд, дар тирамоҳи соли 2022, вақте ки то озод шуданаш ҳамагӣ се моҳи дигар боқӣ монда буд, ба таблиғоти мубаллиғони ҷанг дода шуда, бо ихтиёри худаш ба ҷанги зидди Украина рафтааст.

Ахиран хабарҳое ба даст мерасанд, ки дар маҳбасҳои Русия маҳбусонро бо таҳдиди кушодани парвандаҳои нав ва ба гарданашон задани ҳукми нав маҷбур мекунанд, ки худашон ариза навишта, ба ҷанги зидди Украина бираванд.

То имрӯз дар бораи кушта шудани ҳудуди 20 маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд, гузоришҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳоро ширкати “Вагнер”, марбут ба Евгений Пригожин, як сармоядори наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бо ваъдаи афву озодии зуд ба ҷанг мебарад.

Дар аксҳои зер Славик (Сулаймон) Новгородтсев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button