ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТО ОЗОД ШУДАНИ МАНУЧЕҲР СЕ МОҲ МОНДА БУД… БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Манучеҳри Садриддин, соли таваллудаш 1992,  ҳафтаи гузашта дар  зодгоҳи модараш, деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, дар канораҳои шимолии шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.  Ба гуфтаи ду манбаи алоҳидаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҷанозаи Манучеҳрро, ки дар як маҳбас дар вилояти Свердловски Русия адои ҳукм мекард, аз Украина оварданд.

Чӣ гуна, кай ва дар куҷои Украина кушта шудани ӯ маълум нест, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, Манучеҳр, ки як бачаи нотарсу ба қавли мардум, бехун буд ва дар Русия низ бо ҷурми авбошӣ зиндонӣ шуда буд, дар тирамоҳи соли 2022, вақте ки то озод шуданаш ҳамагӣ се моҳи дигар боқӣ монда буд, ба таблиғоти мубаллиғони ҷанг дода шуда, бо ихтиёри худаш ба ҷанги зидди Украина рафтааст.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” нақл кард, ки Манучеҳр писари Садриддини Бобокалон, як зодаи деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб аз зани аввали ӯ буда, баъди ҷудо шудани падару модараш ҳамроҳи модараш дар зодгоҳи ӯ деҳаи Қулписта зиндагӣ мекард ва сабаби ба Қулписта овардану дар деҳаи модариаш гӯрондани Манучеҳр низ ҳамин аст.

“Бобои ӯ Бобокалони Тош як марди муътабаре буд. Падарашу амакҳояш дар маҳаллаи Водонасоси шаҳри Душанбе дар ҳамсоягии Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд ва дар Водонасос чандин мағоза доштанд. Хеле бачаи нотарсу бехун буд Манучеҳр ва сабаби зиндонӣ шуданаш дар Русия низ ҳамин буд. Ҳеҷ кас намедонад, чаро ӯ барои рафтан ба ҷанги Украина ариза додааст? Ҳол онки то поёни муҳлати ҳукмаш ҳамагӣ се моҳ боқӣ монда буд ва бе ҷанг ҳам бояд озод мешуд аз зиндон”, – нақл кард ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ахиран хабарҳое ба даст мерасанд, ки дар маҳбасҳои Русия маҳбусонро бо таҳдиди кушодани парвандаҳои нав ва ба гарданашон задани ҳукми нав маҷбур мекунанд, ки худашон ариза навишта, ба ҷанги зидди Украина бираванд.

То имрӯз дар бораи кушта шудани ҳудуди 20 маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд, гузоришҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳоро ширкати “Вагнер” бо ваъдаи афву озодии зуд ба ҷанг мебарад. Аммо агар то имрӯз асосан дар бораи ба ҷанг бурдани афроде сухан мерафт, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буданд, ҷалби Носир Сафаров нишон медиҳад, ки “Вагнер” аз ҷалби ҷинояткороне, ки барои ҷиноятҳои сангине, чун куштор, зиндонӣ шудаанд, низ парҳез намекунад.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳафтае пеш хабар дода буд, ки Носир Сафаров, соли таваллудаш 1992, зодаи деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиён дар канори шаҳри Панҷакент, ки соли 2021 дар Русия барои қатли писари аммаи худаш Парвиз Саидмуродов ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, низ дар ҷанги Украина кушта шудааст. Ду манбаи алоҳидаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Носир Сафаров дар маҳбаси “Бутирская” дар шаҳри Маскав адои ҳукм мекард ва тахминан моҳи октябри соли 2022 дар ивази ваъдаи афв ва озодӣ розӣ шудааст, ки бо ширкати хусусии ҷангии Вагнер қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина биравад. Ӯ баъди тақрибан се моҳи ҷангидан аз тарафи Русия моҳи январ дар ҷабҳаи Херсон кушта шудааст. Санаи дақиқи ҳалокати Носир Сафаров маълум нест, вале тобути ӯро рӯзи 5 феврал аз Русия ба Панҷакент оварда, дар Моғиён ба хок супурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button