ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ БОХТАР АЗ ХОНАИ ДОДАРАРӮСИ ХУДАШ МАБЛАҒИ ЗИЁДЕРО БА ЯҒМО БУРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14.03.2023

Ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ

22

Мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз чунин зуҳурот самти афзалиятнок дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.

Ба кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ муяссар гашт, ки дар натиҷаи баррасии аризаи сокини ноҳияи мазкур, вобаста аз тарафи шахсони номаълум тасарруф шудани маблағҳои калони пулӣ аз манзили истиқоматиаш, зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти гумонбари ин ҳолати дуздиро ошкор намуда, ба кирдорҳои ғайриқонунии ӯ хотима гузоранд.
Ин нафар Саъдуллоев Муҳаммад, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Бохтар, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр шаби 16 феврали соли 2023, тахминин соатҳои 20:00-21:00 ба назди манзили истиқоматии шаҳрванд Раҳимов Нурмухаммад, сокини ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи А.Ҷомӣ, ки бародари ҳамсараш мебошад, рафта, аз набудани атрофиён истифода намуда, бо калид дари манзили истиқоматиро кушода ғайриқонунӣ вориди он мегардад.
Номбурда як адад ҷевони оҳанинро, ки дар дохилаш маблағҳои пулӣ 175.000 сомонӣ, 227.00 рубли русӣ, 500 доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба шаҳрванд 221 ҳазору 441 сомонӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
Нисбати Саъдуллоев Муҳаммад дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Илова аз«Бомдод»: Ба Саъдуллоев бар асоси қисми чоруми моддаи 244 барои дуздӣ ба маблағи хеле бузург ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Боздошт гардидани гумонбарони ҷинояти дуздӣ

97

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2023, тахминан соати 14:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва зани 32-солаи сокини ҳамон ҷо содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button