ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

БУД-НАБУД: МОҶАРОИ ГУМ ШУДАНИ 5 КИЛО ТИЛЛО АЗ БОНКИ “ИМОН”

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2023  аз анҷоми тафтиши парвандаи мудири кӯдакистони №27 шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди бонки “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимбоев бо иттиҳоми ба номи 11  нафар гирифтани қарзҳои бонкӣ ба маблағи 161 ҳазору 50 доллари Амрико ва 727 ҳазору 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ қариб 2,5 миллион сомонӣ хабар дода буд. Муҳокимаи ин парванда дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.

Аммо як нафари огоҳ аз ҷараёни ин қазия рӯзи 14 март ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки асли моҷаро аз фарзияи Агентии зидди коррупсия комилан фарқ мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, соли 2020, вақте ки Мадинаҷон Раупова аз бонки “Имон Интернешнл” қарз гирифт, дар он бонк 5 кило ороишоти гуногуни тиллоиро гарав гузошта буд. Вале моҳи майи соли 2022 вақте, ки ӯ мехоҳад замони пардохти қарзро тамдид кунад, маълум мешавад, ки 5  кило тиллои ба гарав гузоштаи Рауповаро бо 4 кило бижутерияи арзонбаҳо иваз кардаанд.

“Бонк, албатта, инро ба гардан нагирифт ва аз Мадина Раупова талаб кард, ки қарзи бонкро баргардонад. Вале бубинед, бонк пеш аз онки қарз бидиҳад, амволи барои гарав пешниҳодкардаи қарзталабро мӯшикофона меомӯзад ва нархгузорӣ мекунад. Ин ҳеҷ имкон надошт, ки кормандони бонк ба ҷои тилло аз Мадина Раупова бижутерияро ҳамчун гарав қабул карда бошанд. Раупова муътақид аст, ки тилловории гарав гузоштаи ӯро кормандони масъули бонки “Имон” иваз кардаанд”, нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Масъулони бонки “Имон” ин иддаоро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, онҳо пойфишорӣ доранд, ки Мадинаҷон Раупова шояд бо кормандони бонк забон як карда, ба хотири гирифтани қарз даст ба қаллобӣ задааст. Бонк аз Раупова талаб дорад, ки қарзашро дар пеши ин муассиса пурра адо кунад.

“Ин дар ҳолест, ки дар ин моҷаро ҷабрдидаи асосӣ Раупова аст, чунки ӯ аз ҳама бештар сӯхт. Раупова ҳам 5 кило тилловориашро, ки 4 миллион сомонӣ арзиш дошт, аз даст дод, ҳам алакай ба бонк 2,6 миллион сомонӣ пул пардохт кардааст, вале ҳеҷ не ки қарзаш адо шавад. Бечора ҳар моҳ аз 5 ҳазор то 10 ҳазор доллар пули фоиз медод дар давоми ду сол”, нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, он корманди “Имон Интернешнал”, ки аз Раупова он 5 кило тиллоро қабул карда буд, баъди рӯ задани ин моҷаро фирор кард, ки ин, ба гуфтаи ӯ, даст доштани кормандони бонк дар иваз кардани 5 кило тиллоро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин корманди фирорӣ бо пардохти 500 ҳазор сомонӣ барои пӯшондани қарзҳои Раупова низ даст доштанаш дар ин амали қаллобиро тасдиқ мекунад. Корманди дигари бонки “Имон” Маликхӯҷа Раҳимбоев, ки ба зидди ӯ ҳам парванда кушодаанд, низ барои пӯшондани қарзи Раупова 300 ҳазор сомонӣ додааст. Ба болои ин, бонк хонаи Мадинаҷон Рауповаро низ дар ивази қарзаш мусодира карда, ду фарзанд ва падари маризи ӯро бесарпаноҳ гузоштааст, вале “ҳеҷ не ки ин қарзи бетаги бонк адо шавад”.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон аз фоизҳои миёншикани қарзҳои бонкӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, фоида аз ягон навъи тиҷорат тавони пӯшондани фоизи ин қарзҳоро надорад.

Мадинаҷон Раупова ва корманди бонки “Имон” Маликхӯҷа Раҳимбоев тақрибан ним сол боз дар боздошт қарор доранд. Онҳо ҳарду бар асоси моддаҳои  246, қисми 3, банди “б” ва 340, қисми 2, бандҳои “а,б” ба тасарруфи қарзи бонк ба маблағи хеле бузург ва сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва Раҳимбоев иловатан боз бар асоси моддаи 265 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба ғайриқонунӣ додани қарзи бонк айбдор мешаванд.

Фарзияи Агентии мубориза бо коррупсия аз ончӣ ки манбаи “Бомдод” гуфт фарқ мекунад. Тафтишот бар ин аст, ки “мудири муассисаи томактабии №27 шаҳри Хуҷанд Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси қарзии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Раҳимбоев Маликхӯҷа Мӯминҷонович бо сӯиистифода аз ваколат бар хилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллари ИМА ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.  Минбаъд номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф намуда, ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба ташкилоти қарзӣ зарари моддии махсусан калон расонидаанд”.

Ба Мадинаҷон Раупова ва Маликхӯҷа Раҳимбоев бар асоси қисми сеюми моддаи 246 барои тасарруфи қарзҳои бонкӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба ҳардуи онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 340 барои сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.  Маликхӯҷа Раҳимбоевро барои ғайриқонунӣ додани қарзҳои бонкӣ бар асоси моддаи 265 метавонанд иловатан ҳамчунин ба андозаи аз 250 то 547 нишондиҳанда ҷарима  банданд ваё то 3 сол ҳукми зиндон бидиҳанд.

Ва аммо манбаи “Бомдод” мегӯяд, зиндонӣ кардани Мадинаҷон Раупова баъди онки ӯ барои адо кардани наздики 2,5 миллион сомонӣ қарзаш алакай 2,6 миллион сомонӣ пардохт кардаасту хонаашро ҳам гирифтаанд ва  ба болои ин, 5 кило тилловориаш бо арзиши тақрибан 4 миллион сомонӣ низ дар бонк гум шудааст, камоли беинсофӣ мебуд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҷомеъашинос Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммапури Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар АМРИКО се соҳа аз давлату ҳукумат ҷудо, мустақил ва озод аст: суд, бонк ва васоити ахбори омма (mass media). Ҳама дар назди суд, бонк ва медиа баробаранд. Ду ҷиноят дар амрико вазнинтарин ҷиноят ҳисоб мешавад: куштор ва қаллобӣ (murder and fraud). Дар соҳаи бонк: пул, мол ва молия қаллобӣ ё тақаллуб ҷой надорад. Аммо, дар кишварҳои худписанду худкомрон чӣ? Дар Тоҷикистони азизи ман ҳукумате мусаллат шудааст, ки камари миллатро шикастааст. Агар банда президент шавам, 60% дарсади идораҳои давлатиро барҳам медиҳам ё аз давлат ҷудо месозам. Дар АМРИКО вазорати “фарҳанг” вуҷуд надорад. Юнеско ва Ҳолливуд моли давлат нест. Кумитаи ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон, дин, замину осмон, суғурта ва ғайра бояд мардумӣ бошанд, на давлатӣ. Давлате, ки кафолат (гарантия) дода наметавонад, бояд ба уҳдаи халқ супорад. Тавре дар боло қайд кардем, дар Тоҷикистон се соҳа агар зери тобеъияти давлат бошад, муфлису корношоям мегарданд: суд, бонк ва медиа. Ва дар натиҷа миллат муфлису корношоям мегардад. Ва ин сӣ соли истиқлол бараъло гувоҳӣ медиҳад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button