ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР ДАР ДУ САДАМА ДАР КӮЛОБ ВА ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи якшанбе, 12 марти соли 2023 дар ду садама дар  Кӯлоб ва Хуросон ду мусофир ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла субҳи 12-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 06:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Олимзода Ҳадятуллои Маҳмадзабир, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба самти маркази шаҳр аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба монеаи бетонӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Олимзода Ҳ.М. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур, Ҳакимов Бузургмеҳр Шералиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Роғун, Музафаров Хусрав Сайдалиевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, Ҳакимов Рустам, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Роғун, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва мусофири дигари ин мошин Ҳакимзода И.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мардум аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои он аз фурудгоҳи Кӯлоб истифода мекунанд, ки нархи парвоз ба шаҳрҳои Русия аз инҷо нисбат ба Душанбе арзонтар аст.

Ҳамчунин суҳби 12-уми март, тахминан соатҳои 09:05, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Азизов Умед Азизович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуи ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Азизов У. бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофираш Самадов Сафаралӣ Валиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Бохтар, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button