ВидеоТоҷикистон

УМЕДҶОНИ 18-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТЕРНЕТ МОШИНИ “ЛАМБОРҶИНИ” БУРД, КИ НАРХАШ 30 МИЛЛИОН РУБЛ АСТ! (ВИДЕО)

Дар лотереяи навбатие, ки блогери машҳури озаритабори муқими Русия Ҳусейн Ҳасанов (gusein.gasanov) дар Инстаграм доир кард, ҷоизаи асосӣ – мошини гаронбаҳои тамғаи “Ламборҷини Урус”, арзишаш 30 миллион рубл (ҳудудан 400 ҳазор доллар) насиби як корбари ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон бо номи Умедҷон (umedjon.47) шуд.

Тибқи шартҳои озмун, иштирокчиён бояд дар саҳифаи худ видеои Ҳусейн Ҳасанов дар бораи озмун барои дарёфти “Ламборҷини” ва 10 “Айфон”-и тиллоиро бознашр карда. 10 тан аз дӯстони ин блогер дар Инстаграмро ба саффи дӯстони худ меафзуданд. Аз байни садҳо ҳазор иштирокчӣ ин навбат бахт ба рӯи Умедҷони ҷавон аз Тоҷикистон хандид.

Вақте блогер барои таъйиди пирӯзиаш Умедҷонро ба пахши мустақим даъват кард, маълум шуд, ки ӯ забони русиро тамоман намедонад ва ҳатто ба суоли оддии Ҳусейн Ҳасанов дар бораи инки “оё омода ҳаст, то барои гирифтани бурдаш ба Маскав биояд?” ҷавоб дода натавонист.

Блогер ҳам, вақте фаҳмид, ки ҳамсуҳбаташ русиро намефаҳмад, ӯро дигар азият надод ва аз дӯстони Умедҷон хост, то ба ӯ бифаҳмонанд, ки ӯ худаш барои Умедҷон чиптаи парвоз то Маскав мехарад ва аз ин лаҳза ба баъд бехатарии ӯро ба уҳда мегирад.

“30 миллион рубл пули кам нест ва аз ин рӯ, ман бехатарии туро ба гардани худ мегирам ва аз дӯстоне, ки дар Тоҷикистон дорам, хоҳиш мекунам, ки туро нигоҳубин кунанд”,  – гуфт Ҳусейн Ҳасанов. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки мехоҳад дар бораи ин ки Умедҷон ин 30 миллион рубл бурдашро барои чӣ сарф хоҳад кард?, як барномаи видеоии алоҳида таҳия кунад.

Дар бораи барандаи мошини “Ламборҷини” ҳанӯз маълумоти зиёде дар даст нест. Аз матлабҳои нашршуда дар саҳифаи Умедҷон дар Инстаграм бармеояд, ки  ӯ тоза ду ҳафта пеш ба синни 18 расидааст ва ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекунад, чунки дар посух ба мавҷи табрикоте, ки ба рӯяш фурӯ рехт, Умедҷон ба ҳама изҳори ташаккур карда ва ба тоҷикӣ дар саҳифааш навиштааст, ки  Илтимос, нанависен мара ма дарс даюм…”

Бисёриҳо бо ишора ба “камгапӣ”–и Умедҷон дар пахши мустақим ҳангоми эълони пирӯзиаш ба  ӯ ва дигар ҷавонону наврасони тоҷик машварат доданд, ки ҳатман забонҳои хориҷиро биомӯзанд, то ҳадди ақал дар чунин лаҳзаҳои хушбахтии худ чизе гуфта битавонанд.

Дар ин авохир Умедҷон алакай дуюмин ҷавони тоҷик аст, ки дар лотереяҳои баргузоркардаи блогерҳои машҳури Русия барандаи мошинҳои гаронбаҳо мешаванд. Як моҳ пеш як ҷавони тоҷик бо номи Муҳаммад дар лотереяе, ки блогери зодаи Чеченистон Асҳоб Тамаев баргузор кард, барандаи мошини рангаш сабзи нархаш 8 миллион рубл (тақрибан 110 ҳазор доллар) шуд ва баъди чанд рӯз ҳамроҳи падараш барои гирифтани бурдаш ба шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, макони зисти Асҳоб Тамаев сафар кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Асосгузори хобу хаёли миллӣ Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Шутур дар хоб бинад пумбадона,
    Гаҳе мушт-мушт хӯрад, гаҳ дона-дона!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button