ВидеоҲуқуқи инсон

НАЗДИКОНИ ЖУРНАЛИСТ ХУРШЕД ФОЗИЛОВ ТО ҲОЛ НАМЕДОНАНД, ӮРО БАРОИ ЧӢ ДАСТГИР КАРДААНД?

Муаллиф: Asia-Plus

Мақомот сабаби боздошти ӯро расман шарҳ намедиҳанд.

Бо гузашти се шабонарӯз наздикони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик намедонанд, ӯ чаро дар бинои Идораи амнияти шаҳри Панҷакент қарор дорад ва касе ҳам ба онҳо шарҳ намедиҳад, ки сабаби боздошти ӯ чист?

Яке аз наздикони Хуршед Фозилов рӯзи 9 марти соли 2023 дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, масъуле аз шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент ваъда карда буд, ки шоми 8-уми март ӯро раҳо мекунанд, вале пас аз нисфирӯзии 8-уми март талаб карданд, ки телефону компютери шахсӣ ва либосашро барем.

“Як маротиба нишон доданд. Гуфтанд баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд, вале мушаххас нагуфтанд, ки ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст”, – гуфт яке аз наздиконаш дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки фарзандашро  дидааст, вале имкони суҳбат надоданд.

“Хуршедро дидам, аммо нагузоштанд суҳбат кунам. Намедонам чаро писарам дар боздошт аст, чун ҳеҷ кас шарҳ намедиҳад”, – гуфт Азиза Нуъмонова.

Айни ҳол наздикони рӯзноманигор дар пайи ҷустуҷӯи вакили дифоъ будаанд, зеро мехоҳанд адвокат бо истифода аз ваколат ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад, то сабаби боздошти Хуршед Фозиловро шарҳ диҳанд.

Бо гузашти се шабонарӯз, мақомот боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд ва кӯшишҳои “Азия Плюс” низ барои дарёфти шарҳи расмӣ беантиҷа анҷом ёфт.

Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент рӯзи 7-уми март баъди шунидани суол дар бораи эҳтимоли боздошти Хуршед Фозилов гуфт, “ман ӯро намешиносам” ва гӯширо гузошт.

Тибқи  талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад. 

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

“Субҳи 7-уми март боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, – гуфт як манбаъи “Азия Плюс” аз ин идора.

Наздикони журналист гуфта буданд, баъди парсуҷӯ маълум кардаанд, ки ӯ дар идораи амнияти шаҳр аст ва масъулини он ваъда карда буданд, ки баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд. Вале тавре дида мешавад, ӯ то ҳол дар бинои ин идора аст ва маълум нест, ки ба наздикӣ озод мекунанд ва ё ӯ бо кадом ҷурме гумонбар аст?

Хуршед Фозилов, ки 37 сол дорад ва соҳиби 3 фарзанд аст, бештар бо расонаҳои мустақили марказӣ ҳамкорӣ дошт ва дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ аз минтақаи Зарафшон маводу гузориш таҳия мекард.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button