ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ТО 10 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН ЭҲТИМОЛИ ТАРМАЮ СЕЛУ ЯРЧ ЗИЁД АСТ. ҲУШЁР БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 9 март, тахминан соати 07:42, дар километри 472-юми роҳи Душанбе  – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ, дар ҳудуди  деҳаи Шипати ҷамоати деҳоти ба номи М. Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангреза фаромада, ин роҳи байналмилалиро дар қисмати Ванҷ – Рӯшон муваққатан бастааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи гуфт, хушбахтона, ин сангрез хисорот ва талафоте ба ҷо нагузоштааст.

Кумитаи  ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ҳамзамон ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ, то 10 марти соли 2023  дар роҳҳои  Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб хатари фаромадани тарма, резиши санг, сел ва ярч баланд боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандон хостааст, то чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳистон, чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо, инчунин аз моҳидорӣ  ва шикор дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву манзилҳо аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тамоми заҳбуру каналҳои обпарторо дар атрофи хонаҳои худ тоза карда, пеш аз ба роҳ баромадан барои фаҳмидани вазъи роҳҳо ба маълумоти нашркардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ВКД ва вазорати нақлиёт таваҷҷуҳ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button