Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИНТИХОБОТИ ТУРКИЯ: БОВАРИИ МАРДУМ БА ЭРДУҒОН ХЕЛЕ КАМ ШУДААСТ, ВАЛЕ РАҚИБИ ШОИСТАЕ ДАР БАРОБАРАШ ТО ҲОЛ НЕСТ

То интихоботи президентӣ дар Туркия ду моҳу чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст. Тавре назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, пас аз заминларзаи пурқурбонӣ ва афзоиши бӯҳрони иқтисодӣ ба далели нотавон будани ҳукуматаш дар ҳарду ҳолат, мизони эътимоди мардум ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури кунунии Туркия, камтар шуда, дар интихоботи пешорӯ ба чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардондааст.

Аз ҷониби дигар, бо вуҷуди онки маҳбубияти Эрдуғон дар байни мардум кам шуда, мизони ҳимоят аз ӯ коҳиш ёфтааст, вале номзади ягонаи ҳизбҳои мухолифи Туркия, ки дар як тим ҷамъ омадаанд,  низ барои раъйдиҳандагон чандон мақбул ба назар намерасад.

“Мизи 6”,  эътилофи 6 ҳизби мухолифи Эрдуғон, ки соли гузашта аз ҷониби Ҳизби хуб, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, Ҳизби саодат, Ҳизби демократӣ ва пешрафт, Ҳизби демократӣ ва Ҳизби оянда барои ба даст овардани курсии президентӣ шакл гирифта буд, рӯзи 3-юми марти соли 2023,  бо гузашти як сол, Камол Қилиҷдлор Оғлу, раиси Ҳизби ҷумҳурихоҳи  халқро ба унвони номзад ба курсии президентӣ муаррифӣ намуд. Аммо ин интихоб боиси ихтилофот дар байни аъзои эътилоф гардид.

Ба гузориши Ройтерз, Ҳизби ростгарои “Хуб”-и Туркия дар ҳамон рӯзи эълони ин номзад ба курсии президентӣ, аз эътилофи асосии мухолифин хориҷ шудааст. Дар сӯҳбат ба Ройтерс намояндаи ҳизби “Хуб” гуфтааст, ки “муаррифии роҳбари бузургтарин ҳизби мухолиф, яъне Қилиҷдлор Оғлу ба унвони номзад ба курсии президентӣ аз ҷониби “Мизи 6″-ро намепазирад. Чун Қилиҷдлор Оғлу наметавонад рақиби қудратманде  дар баробари Эрдуғон бошад”.

Мирал Оқшенер

Хонум Мирал Оқшенер, роҳбари раиси ҳизби “Хуб” дар суханронии худ дар қароргоҳи ин ҳизб дар Анкара гуфтааст, ки “панҷ ҳизби дигар дар эътилоф бар сари интихоби Камол Қилиҷдлор Оғлу ба тавофуқ расиданд. Аммо Ҳизби “Хуб” ба унвони дувумин ҳизби бузурги рақиби Эрдуғон бо вуҷуди фишорҳои мавҷуда ҳозир нест, ки Қилиҷдлор Оғлуро ба унвони номзад бипазирад”.

Оқшенер ба муқобили хости ин панҷ ҳизби дигар, ки то дирӯз дар як эътилоф буданд, Акрам Имом Оғлу, шаҳрдори Истанбул ва Мансур Ёвош, шаҳрдори Анқараро, ки ҳар ду аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқанд, ба унвони номзадҳои арзандатар барои иштирок дар интихоботи президентии Туркия пешниҳод кардааст. Ба гуфти ӯ “бар асоси назарсанҷиҳо, ин ду нафар дар рақобат бо Эрдуғон метавонанд пирӯзӣ ба даст оранд”.

Бо вуҷуди ин, ки Қилиҷдлор Оғлу дар суханронии худ ба баёнияи Оқшенер ва ихтилофи назар дар байни эътилоф кам аҳамият дода, яонро к чизи кӯчак ва ҷузъӣ вонамуд намуд, натиҷаи назарсанҷиҳо ва раъйгириҳои пешопеш, аз эҳтимоли шикасти мухолифин дар баробари Эрдуғон дарак медиҳанд.

Бо вуҷуди он ки Эрдуғон ба муддати ду даҳа дар сари қудрат асту заминларзаи пурқурбонии моҳи феврал, ки дасти кам 45 ҳазор кушта бар ҷой гузошту ҳазорон нафарро бехонумон кард, ба сатҳи эътимоди мардум ба ӯву ҳизбаш зарбаи шадид зад, ба сабаби набудани рақиби шоиста,  боз ҳам назарсанҷиҳои анҷомшуда эҳтимоли баланди пирӯзии ӯро пешбинӣ мекунанд.

Ҳатто интиқодҳо аз ҳукумати Эрдуғон то ба ҷое расид, ки ӯро дар сафари рӯзи 27-уми феврал дар Одиёмон мардум бо шиорҳои эътирозӣ пешвоз гирифтанд. Дар ҷавоб Эрдуғон “барои дер расонидани кӯмакҳо ва ба таъхир фиристодани  гурӯҳҳои наҷотбахш узрхоҳӣ” кард.

Дар ҳамин ҳол, пайравони ҳизбҳои мухолифи давлати Эрдуғон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба узрхоҳии Эрдуғон дар фазои маҷозӣ маърака “Намебахшем!”-ро роҳандозӣ кардаанд. 

Эрдуғон санаи 3-юми март таъкид намуд, ки ҳукуматаш дар оянда барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, бемористонҳо, мактабҳо ва роҳҳои мошингарди ба заминларза тобовар хоҳад сохт. Вале мунтақидони ӯ мегӯянд, ки маҳз ҳамин бетаваҷҷуҳии Эрдуғон ва ҳукумати ӯ боис гардид, ки чунин “фоҷиаи аср” дар Туркия рух диҳад.

Бо вуҷуди интиқодҳо аз Эрдуғон ба далели заъф ва нотавонии ҳукуматаш барои имдодрасонӣ ба осебдидагон, ӯ хабар дод, ки интихоботи президентӣ дар Туркия рӯзи 14-уми майи соли 2023, як моҳ пеш аз мӯҳлат баргузор мегардад.

Дар чанд рӯзи ахир интиқодҳои саросарӣ дар Туркия нисбат ба Эрдуғон зиёд шудааст. Доиман эътирозгарон дар ҷойҳои серодам шиори “истеъфо”-ро сар медиҳанд.

Дар гирдиҳамоие, ки рӯзи ҷоршанбеи гузашта дар Истанбул баргузор гардиду эътирозгарон истеъфои Эрдуғонро хостанд, 77 нафар аз тарафи нерӯҳои давлатӣ боздошт шуданд.

Вале ба назари нозирони умур, бо вуҷуди он ки нуфузи ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа дар манотиқи офатзада бисёр пойин рафтааст, аммо раъйдиҳандагон ба номзади пешниҳоднамудаи мухолифон, Камол Қилиҷдлор Оғлу эътимод надоранд ва ин беэътимодӣ ва набудани рақиби шоиста шояд боис гардад, ки Эрдуғон боз  ҳамдар интихоботи моҳи май ғолиб биояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Сиёсатшинос, кишваршинос Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Эрдоған сиёсати хориҷии мустақил дорад, бозиҳои сиёсии дунёро ба хубӣ медонад, Исроилу Амрикоро аз наздик мешиносад. Туркия мисли эрон нест, ки ҳарфи пӯч зидди Амрико ё марг ба Амрико бигӯяду халқи худро бикӯшад. Эрдоған зидди дини ислом ва арзишҳои динӣ намеҷангад, эрдоған дар ҳайати “масонҳо” ворид нест, пулу сарвату бойигарии туркияро ба нафъи туркия истифода мебарад. Иқтисоди туркия бо ин ҳама таҳримҳое, ки зиддаш ҷорӣ кардаанд, баъд аз Амрико ва Чин севвумин иқтисоди дунё ба шумор меравад. Дуввумин артиш баъд аз амрико. Ҳамаи ин дастовардҳои Туркия дар замони эрдоған тақвият шуданд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button