Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МӮСАФЕДИ 73-СОЛА БАРОИ ФИРЕБИ МАРДУМ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

Як марди 73-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ зиндонишуда аз ноҳияи Б.Ғафуров ба он айбдор мешавад, ки соли 2010 бо роҳи фиреб бо ваъдаи сафари Ҳаҷ ва зиёрати Қаъба аз дастикам се сокини ноҳияи Ғафуров ва як сокини шаҳри Гулистон аз 3800 то 8 ҳазор доллар, дар маҷмӯъ 23 ҳазору 800 доллар гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст ва касеро ба Ҳаҷ набурдааст.

ххххххххххх

Сокини 43-солаи ноҳияи Ховалинг ба он гумонбар мешавад, ки се сол пеш аз дохили мошини як сокини дигари ин ноҳия 50 ҳазор сомонӣ, ҳуҷҷатҳои мошин ва билети ҳарбиашро дуздидааст.

ххххххххххх

Се ҷавони 26, 27 ва ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 1 феврал аз як корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ  8 тахтасими мисинро дуздида, ба корхона  11,2 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.03.2023

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳои марди 73-сола

23

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 73-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ соли 2010 ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2010 ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, бо ҳамин роҳ моҳи сентябри соли 2010 ба боварии марди 47-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

14

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “УАЗ-469”, ки ба марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур, тааллуқ дорад 50 ҳазор сомонӣ, ҳуҷҷатҳои автомашина ва билети ҳарбиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 244 қисми 4 ва 339 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26, 27 ва ҷавони 21-солаи сокинони ноҳияи Ховалинг ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 1-уми феврали соли 2023, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ шуда, аз он ҷо 8-адад тахтасимҳои мисин (медная шина), ки ҳаҷмашон 32 метрро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Муфтӣ Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Инсони мӯъмин меравад сафорати арабистони саъудӣ дар шаҳри душанбе дарро се бор так-так мекубад, дарро боз карданд, раводид (виза) дархост мекунед, агар додан, чипта (билет) мехарӣ, сафар мекунӣ, агар надодан рӯзи қиёмат пурсида намешавӣ, ҳаҷ рафтӣ ё не, чунки узр дорӣ-виза надоданд. Аз сад роҳи ғайримашрӯъ кор мегиранд ба хотири ҳаҷ, як ҳамсояи нотавонро тавонманд кун, бештар аз нисфи тоҷикистониён дар фақр зиндагӣ мекунанд, дасти кӯмак дароз кун. Бо пули ҳаром ҳаҷ рафтан, бо пули қарз ҳаҷ рафтан, бо роҳи ғайри машрӯъ ҳаҷ рафтан, визаро харидан ё визаи дигаронро дуздидан, чӣ суд?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button