ВарзишВидео

ЗУДТАРИН КОРТИ СУРХ ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ: ДАР БОЗИИ ТОҶИКИСТОН – УРДУН ДОВАР ДАР СОНИЯИ ПАНҶУМИ БОЗӢ ЯК ФУТБОЛБОЗРО АЗ МАЙДОН РОНД! (ВИДЕО)

Дар Ӯзбекистон мусобиқоти Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонон оғоз ёфт. Бозии даври аввал байни Урдун ва Тоҷикистон аз ҳодисае сар шуд, ки метавонад ба таърихи футбол шомил шавад.

Алакай дар сонияи панҷуми бозӣ бозигари дастаи Урдун Қалбуна бо пояш ба сари нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон Меҳрубон Каримов чунон сахт зарба зад, ки ин зарба бештар хоси варзишҳое, чун карате ё кикбоксинг буд, на футбол. Меҳрубон аз чунин зарбаи ногаҳонӣ аз пой афтод.

Довари асосии бозӣ аз ҷайбаш корти сурхро берун кашида, бозигари урдуниро, ки худро ба нодонӣ мезад ва мусичаи бегуноҳ намудор карданӣ мешуд, аз майдон ронд. Ин метавонад зудтарин корти сурх дар таърихи футбол бошад!

Мутаассифона, аз майдон рондани бозигари ҳариф ба тими Тоҷикистон кумак накард. Онҳо натавонистанд ҳатто бо 10 бозигари ҳариф бозии дуруст анҷом бидиҳанд ва бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Баъди ин мағлубият мухлисони тоҷик талаб доранд, ки сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубаревро, ки аз Беларус оварда шудааст, билофосила ҷавоб диҳанд ва Аҳлиддин Турдиевро, ки таҳти роҳбарии ӯ тими ҷавонон ба муваффақиятҳо даст ёфта буд, ба раҳбарии тим баргардонанд.

Мухлисон Кубаревро нафақат ба он айбдор мекунанд, ки футболбозонро дар майдон дуруст ҷобаҷо ва раҳнамоӣ карда натавонист, балки бисёре аз ситораҳои ҷавони футболи тоҷикро ба сафи тими миллӣ роҳ надод. Аз ҷумла Хусрав Тоиров ҳамагӣ чанд рӯз баъди он ки Кубарев ӯро ба ҳайъати тими ҷавонон нагирифт, бо дастаи овозадори “Шахтёр” аз Донетск қарордод баст.

Худи Кубарев дар нишасти хабариаш шикасти тимаш дар бозӣ бо Урдунро айби … дастаи ҳариф донист ва гуфт, онҳо мехостанд бо шеваи аксулҳамла бозӣ кунанд, вале тими Урдун ба як шеваи комилан мутафовити бозӣ водорашон кардааст.

Зимнан, мухлисони тоҷик дар Тошканд аз сатҳи омодагӣ ба Ҷоми Осиё низ шикоят доштанд. Онҳо ба шореҳи ТВ Варзиш Бобо Холмуродзода шикоят кардаанд, ки дар кассаҳо ба осонӣ чипта харида натавонистанд. Ҳамин тавр, ҳангоми вуруд ба варзишгоҳ мухлисонро маҷбур мекарданд, то дар либоси тани худ логотипи ширкатҳои машҳури либоси варзиширо бо скотч бипӯшонанд. Гуфта мешавад, далели ин бо як ширкати начандон машҳури либоси варзишӣ қарордод бастани Конфедератсияи футболи Осиё будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button