ВарзишВидеоҶанг дар Украина

СИТОРАИ ҶАВОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК БО ТИМИ ОВОЗАДОРИ “ШАХТЁР”(ДОНЕТСК) ҚАРОРДОД БАСТ

Бошгоҳи овозадори футболи Украина ва Шӯравии собиқ “Шахтёр” аз шаҳри Донетск дар рӯзи охири сабти бозигарони нав бо нимҳимоятгари 18-солаи тими миллии ҷавонони Тоҷикистон Хусрав Тоиров барои 5 сол қарордод баст. Дар ин бора “Шахтёр” рӯзи 1 марти соли 2023 дар сомонаи расмиаш хабар дод.

Аҷаб он аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз аз ин пеш Хусрав Тоировро аз ҳайъати тими миллии ҷавонон бо хости сармураббии беларус берун карда буданд.

Гуфта мешавад ки “Шахтёр” бо Хусрав Тоиров барои 5 сол қарордод бастааст. Маблағи он гуфта нашудааст, вале бино ба иттилои сомонаи немисииTransfermarkt,  “Шахтёр” барои ситораи ҷавони футболи тоҷик 300 ҳазор евро пардохт кардааст.

Хусрав Тоиров дар ҳайъати “Шахтёр” таҳти рақами 77 ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, бозӣ кардан дар ҳайъати дастаи пуровозае, чун “Шахтёр” орзуяш буд. Ӯ рақами 77ро низ барои худ боиқбол номид, чунки соли таваллуди модараш 1977 будааст.

Хусрав Тоиров инак панҷумин бозигарест, ки “Шахтёр” дар зимистони соли ҷорӣ бо онҳо қарордод баст. Пеш аз Хусрав ин даста ҳимоятгарон Георги Гочолейшвили ва Ярослав Ракитский, дарвозабон Дмитрий Ризник ва ҳамлагар Кевин Келсиро истихдом карда буд.

“Шахтёр” баъдидар моҳи январи соли 2023  бо қарордоди дар таърихи футболи Украина бузургтарин ба дастаи машҳури “Челси” гузаштани Михаил Мудрик холӣ монда буд.  Баъди истихдоми Хусрав Тоиров ҳоло дар ҳайъати “Шахтёр” боз дастикам 3 вингери тарафи чап ҳаст, ки метавонанд барои мустаҳкам кардани ҷои худ дар ҳайъати асосӣ мубориза баранд: Иван Петряк, Дмитрий Крискив ва Дмитрий Топалов.

Хусрав Тоиров 18 сол дошта, дастпарвари бошгоҳи “Локомотив-Помир” аз шаҳри Душанбест. Ӯ морҳи апрели соли 2020, дар синни ҳамагӣ 15 дар ҳайъати асосии ин даста бори аввал ба майдон баромад. , за главную команду которого дебютировал в апреле 2020-го, когда игроку исполнилось 15 лет. Як мавсими охири 2022/23 Хусрав Тоиров дар ҳайъати дастаи “Атирау” аз Қазоқистон ҳунарнамоӣ кард.

“Шахтёр” (Донетск) баъди 14 даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Украина дар ҷои дуюм қарор дошта, аз пешсаф дастаи “Днипро” 2 имтиёз камтар дорад. Баъди “Шахтёр” дар ҷадвал “Динамо” (Киев) ва “Заря” (Луҳанск) қарор доранд.

“Шахтёр” дар баробари “Динамо” пуровозатарин дастаҳои футболи Украина шинохта мешаванд. Баъди ишғоли Донетск аз сӯи ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар соли 2014, “Шахтёр” солҳои

2014-2016 бозиҳои худро дар шаҳри Лвов, солҳои 2017-2020 – дар Харков ва аз моҳи майи соли 2020 дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Киев баргузор мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button