ВидеоҲодисаҶомеа

ҲАЙФИ ФАРЗАНДЕ КИ ГИРАД АЗ ГИРЕБОНИ ПАДАР… ЯК СОКИНИ МАСТЧОҲ ПАДАРИ МАЪЮБАШРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти даҳшатбор: латтукӯби падари бемори бистарӣ аз ҷониби фарзанди нохалафаш аз сӯи як сокини ӯзбекзабони ноҳияи Мастоҳ хабар дод.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузорише, ки шоми 1 марти соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”  нашр шуд, хабар дод, ки шаҳрванд Қарабошев Илҳом Уралбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ санаи 30 январи соли ҷорӣ падари маъюбаш  Қарабошев Уралбойи 69-соларо, ки 6 сол боз дар пайи сактаи қалб аз пойи равон монда, бемори бистарист, ба сабаби онки падараш ҳангоми пешоб кардан тасодуфан гилемро олуда кардааст, таҳти латтукӯби шадид қарор додааст.

Дар натиҷаи ин латтукӯб мӯсафеди бе ин ҳам маъюб бо захми пӯшидаи косахонаи сар ва майнаи сар, латхӯрии майнаи сар ва қабурғаи шикаста дар бемористон бистарӣ карда шудааст.

Акбар Шарифӣ ин ҷиноятро чандин бор ба такрор амали нангин номида гуфт, Илҳом Қарабошев нафақат ҷинояти барои ҷомиа хафвнок содир кард, балки фарзанди нохалаф буданашро низ бо ин бадрафтории худ собит сохт.

Тавре додари марди ҷабрдида, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ дорад, нақл кард, бародарони  Илҳом Қарабошев, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, бо ин бародарашон маслиҳат карда, дар ивази нигоҳубини падари танҳояшон тамоми хароҷоти доруву даво ва нигоҳубини падар ва ҳамчунин тамоми хароҷоти рӯзгори Илҳом Қарабошевро низ бар дӯши худ гирифта будаанд. Яъне ӯ барои онки падари маъюбашро нигоҳубин мекард, ҳар моҳ аз бародаронаш маблағи хубе дарёфт мекард, ки ҳам ба дорую давои падар мерасид ва ҳам ба рӯзгори худаш.

Акнун ба Илҳом Қарабошев барои қасдан расондани зарар ба саломатӣ то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ин ҳам сахттар радди маърака шудани ӯ дар байни хешу табор, аз ҷумла барои бародаронест, ки нигоҳубини падари маризашонро ба ӯ бовар карда буданд. Ҷазои дигаре, ки онро ягон қонуни афв аз байн нахоҳад буд, ин азоби виҷдон аст, ки ношустанист ва дигар як умр ин сокини Мастчоҳро дунболагир хоҳад буд. Ва ҳам дуои бади падар, ки дар бовари мардуми мусалмон, дуои бади падару модар сахттарин ҷазост.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шоир Ҳасан Холмуҳаммадпури Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар ҷаҳон гумшуда меҳри падару фарзандӣ,
    В-ар на Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?!
    Лек Рустам нашинохт фарзандро баҳри ҳамин,
    Илҳом дидаву дониста падарозор диҳад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button