ВарзишВидео

ХЕЛЕ ЗӮР! ПРЕЗИДЕНТ UFC АЗ ТАҶАММӮИ ҲАЗОРОН МУХЛИСИ НУРУЛЛО ДАР ВАРЗИШГОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ВАҶД ОМАД (ВИДЕО)

Дейна Уайт, президенти UFC (Ultimate Fighting Championship) аз ин ки бо вуҷуди ҳавои сарди зимистон ва дар ними шаб ҳазорон мухлис дар як варзишгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон ба хотири мухлисӣ аз ҳамватани худ Нурулло Алиев дар нахустин набардаш дар ин мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) гирди ҳам омаданд, ба ваҷд омада, аз мухлисони тоҷик гарм ситоиш кардааст.

 “Ана чунин шумори зиёди мардум дар Тоҷикистон ба варзишгоҳ омадаст барои тамошои нахустин набарди Нурулло Алиеви то ҳол ШИКАС ТНОПАЗИР(9-0) дар UFC.  Ин дар ҳақиқат зӯр аст?!?!” – навиштааст Уайт дар Инстаграм дар зери видеои кӯтоҳе аз варзишгоҳи Душанбе, ки онҷо издиҳоми бузурги мухлисон беист номи Нурулло Алиевро шиор мезананд: “Нурулло!!! Нурулло!!! Нурулло!!!”

Шаби 25 ба 26 феврали соли 2023 бар хилофи лимити ҷоришуда дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон нирӯи барқ доданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, сабаби тасмими мақомот барои як шаб “бардоштани лимит”  ба мардум фароҳам овардани имкони тамошои нахустин набарди паҳлавони 23-солаи тоҷик Нурулло Алиев  дар UFC, мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) будааст.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди ҳавои сарди зимистон соати дуи шаб (!!!)  чандин ҳазор нафар барои мухлисӣ аз ин ҳамватани худ дар варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъ омаданд ва маъракаи муълисонро дар инҷо чун ҳамеша мухлисони аз ҳама ашаддии варзиши тоҷик аз гуруҳи “Арабшо” гарм мекарданд.

Ва Нурулло Алиев, ки ӯро барои шабоҳати қиёфааш бо паҳлавони машҳури доғистонӣ “дугоники Ҳабиб” низ меноманд, ин миллионҳо  дидаи бо умед ва ихлос ба сӯяш дӯхташуда аз Тоҷикистонро ноумед накард. Шаби 25 ба 26 феврал дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” дар вазни сабук дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи Амрико бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 9:0,  дар рақобат бо Рафаел Алвеси 32-сола аз Бразилия пирӯзӣ ба паҳлавони тоҷик дода шуд.

 Ва он ҳам бо вуҷуди онки дар даври аввали рақобат Алвес ба доварон шикоят кард, ки гӯё Нурулло Алиев ангушти ӯро газидааст ва доварон як имтиёзи Нуруллоро аз ӯ гирифтанд. Дар нишасти хабариаш баъди анҷоми набард Нурулло гуфт, ангушти Алвесро нагазида буд, вале “Алвес аз фишори ин уқоби кӯҳӣ ба танг омада, махсус ангуштонашро ба даҳони ман андохт ва вақте ман мехостам ангуштони да даҳонам андохтаашро туф кунам, як ангуштам зери дандонам монд”.

Нурулло Алиев билофосила баъди анҷоми набард, вақте ҳанӯз дар майдон буд, гуфт, аз он сӯи уқёнус пуштибониву ҳимоят ва мухлисии 10 миллион сокини Тоҷикистонро эҳсос мекард ва ҳамин пуштибониву ҳимояти онҳо нирӯи тоза ба тозаяш мебахшид.

Нурулло  гуфт, баъди пирӯзиаш аввалин шуда ба падару модараш занг мезанад. Ӯ нақл кард, ки 10 рӯз қабл аз набард барои кам кардани вазнаш аз парҳези шадид кор гирифта буд ва модараш ҳам ин 10 рӯз чизе ба даҳон набурдааст. “Ман чӣ хел чизе бихӯрам, ки бачаяки ман онҷо гушна аст”, нақл кард Нурулло суханони модарашро. Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки модараш ягон набарди ӯро тамошо намекунад ва дору хӯрда, хоб меравад. “Баъде ки набард тамом шуд, ӯро бедор мекунанду хабар медиҳанд, ки хез, Нурулло бурд!” нақл кард варзишгари тоҷик.

Паҳлавони тоҷик гуфт, ӯро ҳамчунин як ваъдаи падараш руҳбаланд ва ба пирӯзӣ  таҳрик додааст. Ӯ дар нишасти хабариаш гуфт: “Падарам ба ман гуфт, агар ғалаба кунӣ, биё, имсол занат медиҳем. Ман ғалаба кардам! Ва ҳоло ба падарам занг зада, мегӯям, “шумо ҳам ваъдаатонро иҷро кунед акнун, ман зангирӣ меоям!”

Алиев Нурулло Хайруллоевич соли 2000 дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расидааст. Нурулло аз соли 2018 дар мусобиқоти ММА майдондорӣ мекунад ва паҳлавонест, ки то ҳол пушташ заминро надидааст. Нурулло Алиев  20 сентябри соли 2022  дар мусобиқоти Dana White’s Contender Series дар вазни сабук алакай 24 сония қабл аз анҷоми даври аввали рақобат рақиби 27-солааш аз Амрико Ҷош Уикро бо нокаути фаннӣ шикаст дод ва нахустин разманда аз Тоҷикистон шуд, ки бо UFC қарордод баст. Аз ӯ қабл тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев низ бо UFC қарордод имзо карда буд.

Нурулло Алиев дар Маскав дар толори Evolve Gym машқ мекард, вале тамрини гуштини тарзи озодро дар шаҳри Хасавюрти ҷумҳурии Доғистони Русия таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳесейнов анҷом медод.Худи Нурулло Алиев нақл мекунад, ки ба сабаби шабоҳати зиёди қиёфааш бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов бисёр вақт ӯро Ҳабиб гумон мекунанд ва ҳатто чандин бор ба пешаш омада, соядаст ҳам дархост кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button