ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ВОСЕЪ ЯК ПИЁДАГАРД ЗЕРИ ЧАРХИ АВТОБУС БА ҲАЛОКАТ РАСИДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 27.02.2023

Пахши пиёдагард аз ҷониби ронандаи автобус

105

25-уми феврали соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автобуси тамғаи “ПАЗ-32054”, Маҳмадалиев Низомуддин Саидқулович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Тугарак, ба самти ҷамоати деҳоти Гулистон дар роҳи мошингард, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Сариев Менгали Бобомуродович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Сариев М.Б. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани силсила дуздиҳо

97

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми феврали соли 2023, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар дохили бозори ҶДММ «Корвон» қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси М-12»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ноҳияи Рушон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, моҳи январи соли 2022, ҳангоми дар кӯчаи Навобод қарор доштанашон бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 73-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 26-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки бо моддаҳои 244 ва 165 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд, ки ӯ 15-уми феврали соли 2023, тахминан соати 10:00, дар назди минтақаи наздиҳавлигии марди 61-солаи сокини шаҳр мазкур қарор доштанаш, 3 сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 23-юми феврали соли 2023, тахминан соати 10:00, аз заминҳои саҳроии ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи ҳамин шаҳр 4 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 30-солаи сокини шаҳри Конибодом тааллуқ дорад, арзишашон 18 ҳазор сомониро ташкил медод дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст.
Номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2022, тахминан соати 13:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кории марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 2 ҳазор сомонӣ ва 25-уми январи солаи 2023, тахминан соати 13:40-дақиқа, 4 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button