ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 21 ФЕВРАЛ ДАР БАДАХШОН БОЗ 41 ТАРМА ВА ЯК СЕЛ ФУРӮ РЕХТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21 феврали соли 2023  дар қаламрави ҷумҳурӣ, асосан дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 41 тарма ва як сел фурӯ рехтааст. Аз ин шумор 38 тармааш дар ҳудуди роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Рӯшон фурӯ рехтааст ва ба сабаби гарм шудани ҳаво дар пайи барфбории шадид фурӯрезии тармаҳо ҳамчунон идома дорад. Тармаҳо боиси баста шудани роҳҳои маҳаллӣ байни деҳоти ноҳияи Рӯшон шудааст.

Рӯзи 21 феврал, тақрибан соати 10:22 дар километри 426-уми роҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар мавзеи Бедараи ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ низ тарма фаромад. Роҳро бо кумаки техникаи махсуси вазорати нақлиёт тоза карданд ва соати 17:05 ба ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд.

Тақрибан соати 16:30 дар километри 352-уми ҳамин роҳ дар ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз сел омад ва роҳро баст. Роҳро бо кумаки техникаи махсуси вазорати нақлиёт тоза карданд ва соати 18:48 равуои нақлиёт  дар ин қитъаи роҳ аз сар гирифта шуд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, бар асари ин офатҳо касе осеб надидааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, хатари фурӯ рехтани тармаву ярчу сангрез ва сел дар манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдомани Тоҷикистон камаш то 23 феврал баланд боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат, аз ҷумла аз рафтан ба шикору моҳигирӣ, ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво дар манотиқи кӯҳистон ҳадалимкон худдорӣ варзида, қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо кунанд.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 феврали соли 2023  бар асари фурӯрезии тармаҳо дар шаҳри Хоруғ 15 нафар, дар ноҳияи Ванҷ ду нафар ва як духтари 16-сола дар ноҳияи Шуғнон, ҳамчунин як ронанда дар роҳи  Душанбе – Хуҷанд зери тарма ба ҳалокат расиданд.

Ширкати IRS низ субҳи 22 феврал хабар дод, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминие, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказаш мепайвандад, имконпазир аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button