ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Шаби сешанбе, 21 феврали соли 2023, бар асари як ҳодисаи нохуш дар сохтмони маҷтамаи истиқоматии ЖК “Кудровский парк” дар шаҳри Кудровои ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия ду коргари ҷавон рабочих – шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва ҳамкори 21-солаи ӯ аз Ӯзбекистон – бар асари канда шудани болобардор (подъемник, “люлька”) аз баландӣ ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.  

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла  “47-й канал”, шаби 21 феврал, тахминан соати 20:15 посбони сохтмон барои назорати атроф ба берун баромадааст. Баногоҳ ӯ садои баланди ба замин афтодани болобардорро шунида, ба ҷои ҳодиса омадааст ва дар дохили он ҷасадҳои ба хун оғӯштаи ду коргарро пайдо кардааст. Посбон билофосила ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задааст, вале табибон коре карда натавонистанд: Ҳарду коргар баробари афтодан ҷон бохтаанд.

Дар пулис гуфтаанд, ки ҳарду муҳоҷири корӣ дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекарданд ва то моҳи марти соли 2023 сабти номи қонунӣ доштаанд.

Мақомоти тафтишотӣ ба таҳқиқи сабабҳои марги ду коргар дар Кудрово шурӯъ кардаанд.

 Сохтмони маҷтамаи истиқоматии ЖК “Кудровский парк” бояд моҳи апрели соли 2023 ба анҷом расонда шавад. Сохтмони онро ширкати “Стройкрафт” бар дӯш дорад.

Шаҳри Кудрово бо беш аз 60 ҳазор аҳолиаш дар канораи шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Солҳои охир дар Кудров авҷи сохтмонҳо мушоҳида мешавад ва ба эҳтимоли ғолиб, ба зудӣ, Кудрово ба ҳайъати Петербург ҳамроҳ карда хоҳад шуд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button