БОЗДОШТИ СЕ ҒОРАТГАР ДАР ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ ПУЛИ ЗИЁД АЗ ХОНАИ СОКИНИ ҶОМӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.02.2023
Дастгир шудани гурӯҳи ғоратгарон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ворид гардидааст, ки 5-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ҷавонони 19, 21 ва марди 27-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, ки яке аз онҳо пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг М-31”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, гумонбаршудагон 6-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе қарор доштани марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси” ва 200-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ба даст афтодани марди 33-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми феврали соли 2023, тахминан соати 22:45-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 175 ҳазор сомонӣ, 227 ҳазор рубли русӣ, 500 доллари амрикоӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 221 ҳазору 441-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Мурғоб аризаи зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми феврали соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 13-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.