ВидеоКоррупсия

РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ ДАР ПАРВАНДАИ ПОРАГИРӢ БА … “ШОҲИД” ТАБДИЛ ЁФТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 феврали соли 2023 дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, ки  ба зидди раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст ва ӯ танҳо дар робита ба 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтани раиси дастгоҳаш  Холмуҳаммад Ортиқов бозпурсӣ шудааст.

Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия ба хабарнигорон гуфт, ба зидди Ортиқов, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт б бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз шудааст: “Холмуҳаммад Ортиқов барои ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Рашт таъин кардани шаҳрванд Абоссзода бо роҳи қаллобӣ аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад”.

Ба гуфтаи Низомзода, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимирор кормандони ашгентӣ танҳо дар чорчӯби парвандаи Ортиқов бозпурсӣ кардаанд.

Шарҳи агентӣ хабарнигоронро чандон қонеъ насохт, чунки ба инки раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия бидуни забон як кардан, ё ба қавли ҳуқуқдонон”, “ бе маслиҳати пешакӣ” бо раиси ноҳия як мансабро ба касе ба нархи 100 ҳазор сомонӣ бифурӯшад, бовар накарданд.

Аввалин шуда хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва раиси дастгоҳашро рӯзи 23 январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, Муқимӣ ва Ортиқов аз Додарбек Аббосзода, ки қаблан дар мақоми раиси ҷамоати Ҳоит кор мекард, барои таъйин карданаш да мансаби мудири шуъбаи маорифи ноҳия 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд. Хабари дар ҳуҷраҳои кориашон дастгир шудани раиси ноҳия ва раиси дастгоҳашро чандин шоҳиди бевосита тасдиқ карданд ва манобеи “Бомдод” мегуфтанд, ки тайёрӣ ба ин амалиёт чанд моҳ боз идома дошт ва як рӯз қабл аз боздошташон роҳбарони Агентии мубориза бо коррупсия барои боздошти раиси Рашт, ки вакили Маҷлиси миллӣ низ ҳаст, аз президент Эмомалӣ Раҳмон низ “ок” гирифтанд.

Аммо раиси ноҳияи Рашт зоҳиран бо кумаки пуштибонҳои бонуфузаш дар “боло” хеле зуд аз боздошт раҳо шуд ва раиси дастгоҳашро низ баъди чанде “ба шарти то анҷоми тафтишот аз маҳалли зист берун нарафтан” аз боздошт озод карданд.

Раҳимҷон Муқимӣ баъди як рӯзи ин ҳодиса дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар Душанбе иштирок дошт ва боз ба ҷои кораш баргашта, то ҳол дар мақоми раиси ноҳияи Рашт кор мекунад.

Аммо Ортиқов баъди озод шуданаш дар хонааш қарор доштааст.

Раҳимҷон Муқимӣ  61 сол дошта, аз соли 2019 раиси ноҳияи Рашт аст.

Хабари боздошти Муқимӣ ва раиси дастгоҳашро бархе шахсиятҳои маъруфи зодаи Рашт, аз ҷумла генерал Шоҳ Искандаров хуш истиқбол карда буданд.

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф ба генерал Шоҳ Искандаров, рӯзи 24 январи соли 2023 дар Фейсбук Муқимиро “як ҳаромхӯр” номида, афзуд, ки мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадаанд. “Қасам ба Худо, рост аст. Як ҳаромхӯр аст раиси нохияи Рашт. Ман, генерал Шоҳ Искандаров, зодаи ҳамон минтақа хастам. Мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадагиянд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бе иҷозати раис нафас намекашад. Бисёр тарафдорӣ накунед, вақт нишон медиҳад”, навишта буд Шоҳ Искандаров.

Генерал дар идома байти машҳурро иқтибос кардааст ки:

Қамчини Худо садо надорад,

 Вақте ки занад, даво надорад.

Даҳҳо нафар зери ин изҳори назари генерал Шоҳ Искандаров тугмаи лайкро зер карданд ва яке хитоб ба ӯ навишт: “Чунин порахӯрҳо бояд дар маҳбас бошанд, рафиқ генерал.

Шоҳ Искандаров дар посух ба ин корбар навишт: “Ҳатман дар назди  қонун ҷавоб медиҳанд. Фақат Худованд ба онҳо муҳлат додааст. Лекин на ба манфиати онҳост. Ҳар касе амали бад кунад, ҳатман ҷазои бад мегирад. Бе шакку шубҳа!”

Аммо ҷараёни ҳодисот нишон дод, ки раиси Рашт нафақат ҷазо нагирифт, балки ҳамчунон ба раёсати худ бар ин ноҳия идома дода истодааст. Мисле ки чизе дар  ин байн нагузашта бошад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button