ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН 69 ТАРМА ФАРОМАД, ШУМОРИ ҚУРБОНИЁН БА 17 НАФАР РАСИД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 17 феврали соли 2023 хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ боз 69 тарма фурӯ рехта, шумораи ҳалокшудагон аз тарма дар кишвар ба 17 нафар расидааст.

Бино ба иттилои КҲФ, рӯзи 16 феврал дар ҳудуди ноҳияои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 44 тарма фурӯ рехта, дар натиҷа ҳаракати нақлиёт тавассути чанде аз қисматҳои роҳҳои Душанбе – Дарвоз- Хоруғ, Рӯшон- Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб масдуд шудааст. Рӯзи 16 феврал, соати 15:30 як тарма дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон боиси марги як духтари 16-сола шуд. Ҷасади ӯро аз зери барф берун оварда, ба хешовандонаш супурдаанд.

Ба  ин тартиб, то субҳи 17 феврал шумораи умумии ҳалокшудагон бар асари тармаҳои ду рӯзи охир дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид. Як ронанда дар роҳи Душанбе- Хуҷанд монда, 16 нафари дигар дар вилояти Бадахшон ҷон бохтаанд. Аз ҷумла 13 нафар дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ, ду нафар дар ноҳияи Ванҷ ва як духтари наврас дар Шуғнон.

Бино ба иттилои КҲФ, рӯзи 16 феврал ҳамчунин дар роҳи Душанбе- Хуҷанд 11 тарма ва дар ҳудуди ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш дар шарқи Тоҷикистон 14 тарма фурӯ рехтааст. Рафъи оқибатҳои ин офатҳои табиӣ идома дошта, субҳи 17 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд мамнӯъ буд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дастикам то 19 феврал хатари фурӯ рехтани тармаҳо, сангрез ва сел дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марказ, қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ монда, эҳтимоли ҳаворо пӯшондани туман дар манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдоман низ зиёд аст.

Ба ин далел, КҲФ бори дигар аз сокинон хост, то аз сафар ба минтақаҳои тармазо, ҷамъоварии ҳезуму маҳсулоти дигари кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистону кӯҳдоман ва ҳамчунин аз чаронидани чорво ва шикор дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд. Аз ронандагон ҳам хоста мешвад, ки дар ин рӯзҳо қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя карда, дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон аз чораҳои бештари бехатарӣ кор бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button