ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МАРДИ 53-СОЛА БАРОИ ШИКАСТАНИ ШИШАҲОИ 12 МОШИН (ВИДЕО)

Дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он шикастани оинаҳои автомашинаи шаҳрвандон аз ҷониби як нафар мард инъикос ёфтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайн карда шуд, ки шахси дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Одинаев Кенҷахон Сайдамирович, санаи таваллудаш 30.06.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов мебошад.
  Бино ба иттилои РВКД Душанбе, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати мастӣ, санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 01:00 шаб дар маҳаллаи Зарафшон оинаҳои 12 автомашинаи шаҳрвандонро зада шикастааст, ки бо ин амали барқасдона ба соҳибмулкони воситаҳои нақлиёт дар умум наздики 20 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

 Айни замон гумонбаршаванда Одинаев Кенҷахон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) санҷиши пешакӣ идома дорад. Ба вай бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ аст), корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ВИДЕО ИНҶОСТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button