ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ҲАЛОКАТИ 10 НАФАР ДАР ЗЕРИ ТАРМАҲО ДАР ХОРУҒ, ВАНҶ ВА ВАРЗОБ (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки субҳи 15 феврали соли 2023 бар асари фурӯ рехтани  тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғ,  маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон 8 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 4 зан ва 2 кӯдак: писар ва духтари чорсола ба ҳалокат расиданд. То соати 14:00 рӯзи 15 феврал 9 сокини дигарро аз зери тарма зинда наҷот додаанд. Тавре қаблан хабар додем, субҳи 15 феврал, тақрибан соати 10 тарма ба болои маҳаллаи Шошхоруғ дар тарафи роҳи Ғунд фурӯ рехта, чандин мошину хонаҳои мардум ва биноҳои дигарро зери ғарами бузурги барф кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин шумор 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардидаанд.

Кумита хабар дод, ки бар асари фурӯ рехтани тарма дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ низ як сокини маҳаллӣ зери тарма монда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро сокинон пайдо карда, ба хешовандонаш супурдаанд.

Як ронандаи дигар рӯзи 15 феврал дар километри 65,8 шоҳроҳи  Душанбе –Варзоб дар зери тарма монда ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои КҲФ, дар инҷо 4 мошини сабукрав зери тарма монданд, вале боқӣ ронандагону мусофиронро тавонистанд наҷот диҳанд. Роҳи Душанбе Хуҷанд дар пайи боришоти шадиди барф пурра баста шуд.

Бино ба иттилои КҲФ, ҳолати фавқулода дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Ин роҳ ба сабаби омадани тармаи зиёд дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад.

Ситоди доимамалкунандаи шабонарӯзии рафъи ҳолати фавқулода ва паёмадҳои офати табиӣ созмон дода шуда, як ҳайати баландпояи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарварии ҷонишини раиси КҲФ, генерал-майор И.Иброҳимзода барои ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиёти наҷот ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба ВМКБ эъзом шуданд.

Гуфта мешавад, корҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ба хонаводаҳои фавтида ва зарардида, ҳамчунин ҷараёни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ зери назорати шахсии  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дода, комиссияи ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расидаро муайян мекунад. 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон  пештар хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 феврал бо раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст, ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Гуфта мешавад, дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбарони Бадахшон, ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амр додааст, ки оқибатҳои офати табиӣ  дар Хоруғро ҳарчӣ зудтар бартараф карда, ба оилаҳои зарардидагон кумакҳои моддӣ расонда шавад.

Як рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки тайи шабонарӯзи гузаштаи 13 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 тарма фаромада, боиси муваққатан баста шудани ҳаракати нақлиёт дар қисматҳои алоҳидаи роҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 14 феврал, бино ба иттилои КҲФ,  дар Бадахшон 9 тарма фаромад ва  як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон  ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилои фаъоли шинохтаи зодаи Бадахшон Mузаффар Имомдод, як тарма рӯзи 14 феврал дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа низ як микроавтобус ва чанд хонаро пахш кардааст, вале хушбахтона, дар ин ҷо касе дар ин офати табиӣ осеб надидааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, бар асари боришоти ахир ва гармшавии минбаъдаи ҳарорати ҳаво, дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои ҳисор ва дар қисмати ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 19 феврали соли 2023 хатари фурӯ рехтани тармаҳо, сангрез ва сел, ҳамчунин эҳтимоли ях бастани роҳҳо хеле зиёд боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ҳаворо печондани туман дар водиҳо ва манотиқи кӯҳдоман низ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ба ин далел аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармазо, ҳамчунин аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ё ҳшикор дар манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистон ҳадалимкон худдоӣ кунанд. Аз ронандагон низ хоста мешаванд, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо аз чораҳои бештари амниятӣ кор бигиранд ва ҳаёти худу ҳамсафарони худро зери хатар нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button