ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ТАЗОҲУРОТИ НЕМИСҲОВУ ТОҶИКҲО ДАР ОЛМОН БО ШИОРИ “АБДУЛЛОҲ КУҶОСТ?” МЕГӮЯНД, КИ Ӯ АЗ БОЗДОШТ ХАТЧА ФИРИСТОДААСТ (ВИДЕО)

Рӯзи 9 феврали соли 2023 дар шаҳри Дортмунди Олмон як гуруҳи сокинони маҳаллӣ ва паноҳҷӯёни тоҷик тазоҳурот барпо карданд, ки дар ҷараёни он як шиори асосӣ ин буд: “Абдуллоҳ куҷост?” Ҳадаф аз ин тазоҳурот ҷалби дигарбораи таваҷҷуҳ ба сарнавишти Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи тоҷик ва фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саид буд, ки рӯзи 18 январ мақомоти Олмон ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд, вале бо гузашти 3 ҳафта дар бораи сарнавишти баъдии ӯ дар Тоҷикистон маълумоти мувассақе ба даст наомадааст.

Тазоҳургарон дар Дортмунд аз мақомоти Олмон талаб доштанд, ки сарнавишти ин паноҳҷӯи тоҷикро маълум кунад. Ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон тақозо доштанд, ки ӯро озод кунад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи куҷо шудани Абдуллоҳи Шамсиддин баъди ихроҷаш аз Олмон ягон маълумоти расмӣ нашр накардаанд, вале бино ба иттилои ғайрирасмӣ аз манобеи гуногун, ӯ ба эҳтимоли ғолиб дар ҳолати нимаозод ё дар боздошт қарор дошта, бо гузашти 21 рӯз бо ҳеҷ яке аз хешовандонаш дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо хоҳаронаш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ягон бор тамоси мустақим нагирифтааст ва ба хонаи ҳеҷ кадомаш нарафтааст.

Танҳо як хабар аз хешовандонаш тавассути як модархонди олмонии Абдуллоҳ расидааст, ки гӯё аз номи ӯ аз боздошт барои хоҳаронаш як хатча, ё ба истилоҳи зиндониён, “малява” овардаанд, ки дар он гӯё Абдуллоҳ хоҳиш мекунад, ки барояш кӯрпаю болишт, собуну шампуну хамири дандоншӯӣ, либосу ҷӯроб ва бархе маҳсулот, аз ҷумла лимӯ биоранд.

Аммо намояндагони мухолифин, аз ҷумла Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ ба воқеъияти хабари ин “хатча” шак доранд.

Шамсиддини Саид дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Мо хабари ин хатчаро аз дасти чандум шунидем. Барои мисол, гӯё дар он хатча Абдуллоҳ хостааст, ки барояш лимӯ биоранд. Вале Абдуллоҳ шадидан лимӯ ва ҳар навъ турширо дӯст намедошт, ки лимӯ бихоҳад онҷо. Ҳамин тавр, дақиқ нагуфтаанд, ки аз куҷо фиристодааст хатчаро? Танҳо гуфтаанд, ки чизҳои гуфтаашро омода кунед, мо худамон омада мебарем…”

Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони мухолифин ба “Бомдод” гуфт, мутаассифона, хоҳарони Абдуллоҳи Шамсиддинро дар Тоҷикистон аз ҳар навъ суҳбат бо расонаҳо дар бораи қазияи бародарашон тарсондаанд ва онҳо ҳатто хабари ба дасташон расидани ин хатчаро шарҳ намедиҳанд: “Танҳо ба як зани олмоние, ки модархонди Абдуллоҳ будаанд, гуфтаанд, ки шукр, сиҳату саломат аст ва аз боздошт чунин паёме фиристодааст”.

Шамсиддини Саид мегӯяд, аз чанд канали дигари ғайрирасмӣ низ бо онҳо дар тамос шуда, итминони хотир додаанд, ки ҳоли ӯ хуб аст, ташвиш нашаванд. “Аммо ин маълумоти ғайрирасмӣ моро қаноат дода наметавонад. То ҳол мунтазирем, ки расман эълон кунанд, ки оё ӯ боздошт шудааст? Агар боздошт шудааст, ба чӣ айбдор мешавад? Дар ҳоле ки ӯ ҳанӯз овони ноболиғ буданаш тарки Тоҷикистон кард. Вале агар боздошт нашуда бошад, бигӯянд, ки пас ӯ куҷост? Чаро ақалан ба хонаи хешу табораш рафта наметавонад?” –  гуфт падари Абдуллоҳи Шамсиддин.

Ихроҷи ӯ яке аз мавридҳои ангуштшумори аз кишварҳои Аврупо ба Тоҷикистон ихроҷ шудани  паноҳҷӯёни тоҷик ва аввалин мавриди ихроҷи як узви бевоситаи хонаводаи роҳбарони оппозитсияи тоҷик дар Аврупост, ки тавре ба назар мерасад, дигар паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикро дар Аврупо низ сахт тарсондааст. То кунун онҳо мутмаин буданд, ки дасти мақомоти Тоҷикистон то Аврупо намерасад ва паноҳгоҳи онҳо дар ин қора комилан амн аст.

Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир ҳудуди 10 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далелҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ба кишварҳои Аврупо паноҳ овардаанд. Аксари онҳо худро тарафдорони созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” ва қисме пайравони равияҳои мазҳабии низ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ба мисли Салафия муаррифӣ мекунанд. Вале дар байни ин паноҳҷӯёни тоҷик онҳое ҳам зиёданд, ки дар асл бо  талаби зиндагии беҳтар ва  таъмини ояндаи хубтаре барои худу фарзандонашон ба Аврупо омадаанд.

Мақомоти Олмон рӯзи 18 январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи тоҷик ва фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саидро, ки чанд соли охир дар Олмон ба сар мебурд, ихроҷ карданд. Абдуллоҳи

Мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 12 декабри соли 2022 аз манзилаш дар шаҳри Дортмунд гирифта, ҳамон рӯз ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен оварданд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Шоми ҳамон рӯз аз Дортмунд ба Душанбе ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвози мустақим анҷом медод. Аммо Абдуллоҳ худро ба девор зада, бинияшро шикаст ва ба ин далел, рӯзи 12 декабр ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин сурат нагирифт ва ӯро аз Мюнхен ба Дюсселдорф оварда, дар як боздоштгоҳ ҷой карданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи эҳтимоли аз Олмон ба Душанбе ихроҷ шудани фарзанди яке аз раҳбарони оппозитсияро шарҳ надодаанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Шамсиддини Саид гуфта буд, писараш ба фарқ аз худи ӯ аслан ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва оппозитсионӣ машғул набуд ва дунболи зиндагии худ буд.

Намояндагони мухолифини тоҷик аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон ба далели фаъолиятҳои оппозитсионии падараш метавонад азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид кунад.

Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Вақте, ки эмомалӣ ба ягон давлат сафар мекунад, “мухолифин” мегӯянд, эмомалӣ барои “селфӣ” сафар кардааст, аммо худ чанд роҳгузари олмониро боз медаронду “аксу шиору овеза”-ро ба дасташ медиҳанд ва як акси хотиравӣ ё селфӣ!!! Эмомалӣ ҳамеша барандаи мубориза аст, мухолифин шикастхӯрда!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button