ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 160 КАС, АЗ ҶУМЛА 80 НОБОЛИҒ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ҒАРҚ ШУДААНД

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода рӯзи 7 феврали соли 2023 дар нишасти матбуотии ин кумита хабар дод, ки дар давоми соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ рух додааст, ки ин назар ба 359 ҳодисаи табии як соли қабл қариб ду маротиба зиёд аст. Тайи соли гузашта бар асари ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистон 8 нафар ҷон бохтаанд. Соли 2021 шумораи қурбониёни ҳодисаҳои табиӣ дар кишвар 42 нафар, яъне 5 маротиба бештар аз соли 2022, будааст.

Иброҳимзода ҳамчунин хабар дод, ки дар давоми соли 2022 асосан ба иллати риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 160  нафар ҷон бохтаанд(соли 2021 – 159 нафар). Аз ғарқшудагони соли гузашта нисфаш, яъне 80 нафар ноболиғони то синни 17 буда, аз ҷумла 11 нафараш кӯдакони хурдсоли то 4-сола, 25 нафар аз 5 то 10-сола, 44 нафар аз 11 то 16-сола, 49 нафар аз 17 то 35-сола ва 29 нафар аз 35-сола боло будаанд. 

Генерал Иброҳимзода дар нишасти хабарӣ ҳамчунин хабар дод, ки Тоҷикистон барои кумак ба манотиқи офатзадаи Туркия ҳудуди 40 наҷотбахшашро мефиристад. Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории ТАСС гуфт, дар умум Тоҷикистон ба Туркия як гуруҳи имдодии иборат аз 50 нафар, бо шумули наҷотбахшон ва кормандони тибро мефирифтад. Назарзода гуфт, Душанбе ҳамчунин ба Туркия 20 тонна ёрии башарӣ мефиристад. Ӯ афзуд, ҳавопаймои махсус бо ёриҳои башарӣ ва тими имдодӣ рӯз 8 феврал аз Душанбе ба Туркия ба парвоз хоҳад даромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button