ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

САДҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ ЗАМИНЛАРЗАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ТУРКИЯВУ СУРИЯ (ВИДЕО)

Субҳи 6-уми феврали соли 2023, соати 04:17 бо вақти маҳаллӣ заминларзаи сахте қисмати ҷанубушарқи Туркия ва шимоли Сурияро такон дод ва сабаби марги садҳо нафар шуд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия,  заминларза дар умқи 17,9 километр бо иқтидори 7.8 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, маркази зилзила дар 30-километрии шимолуғарби Ғозиёнтеппа дар Туркия ва дар 114 – километрии шаҳри Ҳалаби Сурия ҷойгир шуда, инчунин пас аз ларзиши асосӣ баъд аз дақиқае ду пасларзиши шадиде бо иқтидори 6,5 ва 6,6 дараҷа низ ба амал омадааст.

Бар пояи гузоришҳои нашршуда, зилзила дар Туркия ва Сурия садҳо куштаю захмӣ бар ҷой гузоштааст.  Ноиби президенти Туркия Фуод Оқтой гуфт, шумораи ҳалокшудагон дар Туркия ба 284 нафар расидааст. Матбуоти давлатии Сурия то ин соат ҳалокати беш аз 230 нафарро тасдиқ кардааст. Аммо шумораи қурбониён ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳазорон нафар аз сокинони дигар шаҳрҳои Туркия мисли Малатия, Усмония, Анталия, Испорто  низ аз хафви такрори заминларзаҳо шабро дар берун аз манзилҳои истиқоматии худ рӯз кардаанд. Гузоришҳо ба даст расидаанд, ки дар ин манотиқ низ хонаҳо вайрон шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Ойлу дар ин росто эълон намуд, ки “дар кишвар вазъият хеле муташанниҷ аст ва имдодталабӣ аз кишварҳои ҳамсоя аз эҳтимол дур нест”.  Ҳамчунин ӯ аз ташкил як гурӯҳи зудамали корӣ дар Анкара барои рафъи ин ҳолати баамаломада хабар дод.

Президенти Украина Владимир Заленский пешниҳод намуд, ки кишвараш омода аст барои кӯмак ба осебдидагони офати табиӣ ҳамагуна ёриро расонад.

Президенти Амрико низ аз омода будани кишвараш барои кумак ба осебдидагон хабар дод. 

Дар Сурия, ба гуфтаи мақомот, дар шаҳрҳои Ҳалаб, Ҳамоъ ва Лозиқия заминларза 237 нафарро кушта  ва беш аз 639 нафарро маҷрӯҳ намудааст.

Ҳамчунин бар асари  фурӯ рехтани сохтмонҳо дар минтақаҳои ҳаммарз бо Туркия, ки таҳти нуфузи мухолифони давлати Сурия қарор доранд, 8 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Ин заминларза дар ҳолест, ки  дар бисёре аз манотиқи Туркия ҳавои сарди ҳамроҳ бо барфу тӯфон ҳукмфармост. Ҳавошиносон гуфтаанд, ин мавҷи сармо метавонад то рӯзи панҷшанбе давом кунад.

Гуфта мешавад ин ларзиши заминро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Лубнон, Фаластин, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Юнон, Миср, Украина, Булғористон ва Қибрис ҳам эҳсос кардаанд.

Туркия як кишвари зилзилахез ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта низ дар Анталия як заминларзаи иқтидораш 5,4 дараҷа рух дода буд. Заминларзаи шадиде, ки соли 1999 дар шимолуғарби Туркия рух дод, ҳудуди 18 ҳазор кушта бар ҷой гузошта буд. 

Сирия - сильные разрушения произошли в городе Хама
Обломки рухнувших зданий и поврежденных автомобилей в Малатье к северо-востоку от Газиантепа

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button