ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ АНСАМБЛИ  “ШАШМАҚОМ” МУЗАФФАР МУҲИДДИНОВ

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов рӯзи 3 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар синни 84 аз олам чашм пӯшид. Музаффар Муҳиддинов устоди мақомсароёни тоҷик ба шумор мерафт ва аз сол 1969, дар тӯли чандин даҳсола ҳамчун овозхони ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов ҳунарнамоӣ кардааст. Музаффар Муҳиддинов ҳанӯз соли 1978 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуда буд.

Писари ӯ Илҳом Муҳиддинов низ аз навозандагони забардасти эстрадаи муосир буда, дар гуруҳи овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ҳунарнамоӣ мекунад ва ҳоло дар Канада ба сар мебарад.

Ҳунармандони ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бо нашри як номаи таъзия аз даргузашти устоди мақомсаро, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов изҳори андӯҳ карда, ба наздикону пайвандони марҳум  изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Музаффар Муҳиддинов 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Чилчанори ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 1958-1960 дар студияи вокалии назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  таҳсил карда, сипас дар ҳамин театр то соли 1969 сарояндагӣ кардааст. Музаффар Муҳиддинов аз соли 1969 то 1999 овозхони дастаи шашмақомхонони Кумитаи телевизон ва радиои ҷумҳурӣ буд ва солҳои охир дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшоҳ Сатторов ба шогирдон сабақ медод.

Музаффар Муҳиддинов дар сабти дастаҷамъии шохаҳои овозии «Шашмақом» фаъолона иштирок карда, ҳамзамон «Савти Сабо», «Талқинчаи Сабо», «Талқини Ироқ», «Фурӯғи Амали Дугоҳ», «Фурӯғи Савти Наво», «Соқиномаи Савти Сарвиноз», «Нимчӯпонӣ» барин шоҳкорҳои мусиқии классикии тоҷикиҳоро накӯ иҷро намудааст. Ӯ дар ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ асарҳои оҳангсозони тоҷик ва таронаҳои халқиро, аз қабили «Сарви гулрухсор», «Ту гул меҷӯӣ», «Харидори ту будам», «Нозу итоб», «Пайғоми Шумо», «Дасти ману домани ту», «Гулдаста мехоҳад дилам», «Оҳиста-оҳиста», «Ихтиёр аз даст рафт», «Бар комам нашуд», «Парвона бош», «Салом, эй ишқбозон», «Нигори ман» низ устодона замзама намуда, дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқӣ ширкат варзидааст.

Илҳом Муҳиддинов бо Садриддини Наҷмиддин ҳангоми сабти клип дар Амрико

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button