ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД, ВАЛЕ БА ШАКЛИ ХЕЛЕ МАҲДУД (ВИДЕО)

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистонро бар уҳда дорад, наздикиҳои нисфирӯзии 3 феврали соли 2023 эълон кард, ки ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо, аз самти Хуҷанд ба Душанбе иҷозат дода шуд.  

 Субҳи 3 феврал ба ҳаракати мошинҳои сабукрав аз самти Душанбе ба самти Хуҷанд низ иҷозат дода буданд, вале баъдан ширкати IRS эълон кард, ки  “бо мақсади пурра бартараф намудани пайомади тармафароӣ” ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқро муваққатан бозмедорад.

Равуо тавассути ин шоҳроҳ амалан аз шоми 1 феврал, инак қариб ду шабонарӯз боз манъ карда шудааст. Шоми 1 феврал дар қисмати ноҳияи Варзоби ин шоҳроҳ, аз километри 52 то 73, ба гуфтаи масъулони ширкати 45 тармаи хурду калон фурӯ рехт ва роҳро баст.

Бино ба пешгӯии Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминиест, ки вилояти Суғдро бо дигар қисматҳои Тоҷикистон мепайвандад.  Ин шоҳроҳ дар соли 2009 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуд ва баъди бозсозӣ шуданаш пулакӣ гардонда шуда, масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS супурда шуд.

Аҳволи шоҳроҳро дар асорати тармаҳо метавон дар ин навори хадамоти матбуоти ширкати IRS дид, ки шаби 2 феврал чӣ гуна буд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button