
Рӯзи 29 январи соли 2023 кормандони боҷхона (гумрук) ва идораи Росселхознадзор дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия ҳангоми тафтиши бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон бо парвозҳои Душанбе –Екатеринбург ва Хуҷанд –Екатеринбург омада буданд, аз бағочи чанд мусофир 12 кило маҳсулоти гӯштиро ёфт ва мусодира кардаанд. Ин маҳсулотро нозирон “хатарнок” арзёбӣ кардаанд.
Хадамоти матбуоти раёсати Росселхознадзори вилояти Свердловск дар иттилоияш гуфт: “Ин маҳсулоти гӯштиро аз Тоҷикистон бидуни санадҳои байторӣ, бидуни иҷозати Росселхознадзор ва бидуни бастабандӣ ворид карда буданд. Дар асоси қонунгузории ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирятӣ дар қаламрави Русия ин маҳсулоти хатарноки ёфтшуда ба миқдори 12 килою 150 грамм мусодира ва нобуд карда шуд”.
Бар иловаи маводи ҷамъшударо барои баррасӣ ба мақомоти боҷхона супурдаанд ва ба соҳибони гӯшти мусодирашуда ҷарима ҳам таҳдид мекунад.
Русия чанд сол боз дар роҳи ворид кардани маҳсулоти гӯштӣ ва дигар анвои маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳое, ки узви ЕАЭС (Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё) нестанд, маҳдудият ҷорӣ кардааст.