ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ НАВРАС ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ХИСТЕВАРЗ, ҒОРАТГАРӢ ДАР РАШТУ ВАҲДАТ ВА ДУЗДИИ 34 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДАР ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 27.01.2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди ҷавон зери чархи “Опел-Астра”

023

25-уми январи соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бобоев Шоҳҷаҳон Амирҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ба самти шаҳри Хуҷанд, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Хистеварз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳобилов Шоҳрӯз Амонҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи мазкурро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳобилов Шоҳрӯз аз бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани як марду як зан бо ҷурми ғоратгарӣ

062

Ба ШВКД дар ноҳияи Рашт бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми январи соли 2023, марди 57-солаи сокини ҳамин ноҳия дар роҳи марказии шаҳраки Ғарм, бо тариқи зӯроварӣ аз ҷайбаш 2 ҳазору 400 сомониро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми январи соли 2023, тахминан соати 16:00, шахси номаълум аз гӯши духтари ноболиғаш як ҷуфт гӯшвори тиллоиашро маҷбурӣ кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир шудани ду нафар бо ҷурми дуздӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2023, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 29 ҳазор доллари амрикоӣ ва 50 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуд 340 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 25-уми январи соли 2023, тахминан соати 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button