ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚУДОЯШ БЕГ САБУРРО АЗ ҶО ХЕЗОНД ВА БАРОИ СУРЪАТИ ПАСТИ ИНТЕРНЕТ ТАНБЕҲ ДОД (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январи соли 2023 дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раиси Хадамоти алоқа ва қудояш Бег Сабурро аз ҷояш хезонд ва барои суръат ва сифати бади Интернет дар кишвар сахт танқид карда, танбеҳаш дод.

Дар гузориши расмии телевизионӣ аз рафти ҷаласа ҳарчанд садои Бег Сабур шунида намешавад, вале аз ваҷоҳаташ бармеояд, ки сахт танқид шунидааст ва талош дорад, ки худро сафед кунад.

Дар як моҳи охир ин алакай бори дуюм аст, ки Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро барои суръат ва сифати бади Интернет ба интиқод мекашад.

Ӯ моҳи декабри соли 2022 дар паёми солонааш низ аз фаъолияти Хадамоти алоқа ба тундӣ интиқод карда, ба ин ниҳод барои ислоҳи вазъ вақт дода буд.

Бино ба гузориши ТВ давлатӣ, Бег Сабур дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар бораи то имрӯз то чӣ ҳад иҷро шудани супориши президент дар бораи беҳбуди сифат ва суръати Интернет ҳисобот додааст.

Бархе иштирокдорони ҷаласа рӯзи 25 январ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки аз ваҷоҳати президент дида мешуд, ки ӯ аз ҳисоботи Бег Сабур дар бораи корҳои то имрӯз анҷомдодааш чандон қонеъ ба назар намерасид.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, Бег Сабур дар рӯйхатти сиёҳи мансабдорони баландпояе қарор дорад, ки рӯзҳои наздик тақдирашон бояд ҳал шавад. Вале Бег Сабур яке аз кадрҳои ба истилоҳ “ғарқнашаванда” аст, ки чандин бор мавриди хашму ғазаби президент қарор гирифта, вале боз ҳам тавонистааст, ки бо истифода аз воситаҳои гуногун дили ӯро нисбат ба худ дигарбора нарм бикунад ва хатари барканорӣ аз мансабро аз сари худ дур бикунад.

Бег Сабур 1 октябри соли 1962 дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба дунё омада, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва дар солҳои 90, ҳангоми мардикориаш дар Русия, ғоибона Донишкадаи омӯзгории шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ ҳамчунин дар Маскав рисолаи номзадӣ ҳам ҳимоя кардааст, ки кашфиёти илмии асосӣ дар ин рисолааш ин буд, ки дар мактабҳои миёна сар аз синфи 7 метавон ба хонандагон … тарзи истифода бурдани клавиатураи компютерро таълим дод, вале оҳиста оҳиставу марҳала ба марҳала ва бо эҳтиёт.

Дар авоили солҳои 2000 Бег Сабурро, ки дар Маскав як дӯкони гӯштфурӯшӣ дошт, ба Душанбе оварда, аввал муовини вазири нақлиёт ва масъули соҳаи алоқа таъйин карданд ва соли 2011, баъди аз вазорати нақлиёт ҷудо кардани ин соҳа, ӯ сардори Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин байн писари ӯ Сиёвуш Зуҳуров бо духтари президент Зарина Раҳмон (ҳоло муовини раиси “Ориёнбонк”) издивоҷ кард ва Бег Сабур бо ҳамин, мавқеи худро дар байни доираҳои ҳоким боз ҳам мустаҳкамтар карда, инак тақрибан 20 сол боз умури соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар дасти худ нигоҳ медорад.

Мунтақидон Бег Сабурро ба он айбдор мекунанд, ки соҳаи алоқаи Тоҷикистонро, ки то омадани ӯ  дар сатҳи минтақа ва Шӯравии собиқ пешсаф буд, хароб кард ва ҳоло соҳаи алоқаи Тоҷикистон аз лиҳози сатҳу сифати хидматрасонӣ ва суръати Интернет яке аз қафомондатаринҳо ҳам дар паҳнои Шӯравии собиқ ва ҳам дар саросари дунё дониста мешавад. Ҳамин тавр, ба фарқ аз кишварҳои дигар, ки соҳаи алоқаашон хеле пурдаромад буда, як манбаи муҳими даромади буҷа ба шумор меравад, соҳаи алоқа дар Тоҷикистон дар аҳди Бег Сабур дар даруни қарз ғӯтидааст ва тоза моҳи декабр ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки муҳлати пардохти 67 миллион сомонӣ қарзи як ширкати тобеи Бег Сабурро боз як соли дигар тамдид кунад.

Бег Сабурро ҳамчунин барои сифати пасти хонаҳое, ки ширкати ӯ месозад, танқид мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ рӯзи дароз аз паси корҳои ширкати сохтмониаш андармон аст ва вақти машғул шудан ба мушкилоти соҳаи алоқа ва ҳалли ин мушкилотро надорад.

Бисёриҳо, ҳатто дар раддаҳои аввали ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша аз ин изҳори ҳайрат мекунанд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Бег Сабурро бо вуҷуди ин ҳама камбудиҳо дар мансаб нигоҳ медорад?

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  24.01.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button