ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР БАДАХШОН: ҲАЛОКАТИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪА ДАР КӮҲ ВА ТАХРИБИ 3 ХОНА ДАР ДЕШАИ ВИСИВИ ДАРАИ БАРТАНГ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 24 январи соли 2023 хабар дод, ки рӯзи 23 январ бар асари обуҳавои бади рӯзҳои охир дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду ҳодисаи нохуш рух додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шоми 23 январ, тақрибан соати 18:20, марди 36-солаи сокини деҳаи Бидизи Болои ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳ дар пайроҳаи яхбастаи кӯҳӣ лағжида, афтидааст ва сараш ба ях бархӯрдааст. Ин сокини Бидизи боло бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар шуд, ки аз қабл сокинонро ҳушдор дода буд, ки барфрезиву сардиҳои ахир боиси ях бастани роҳҳо мешаванд ва ба ин далел, кумита аз сокинон хоста буд, ки хеле ҳушёр бошанд ва эҳтиёт кунанд ва дар ин рӯзҳо ҳадалимкон  барои ҳезумчинӣ, шикор ё моҳигирӣ ба кӯҳҳо нараванд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон, бахусус аз сокинони кӯҳистон ва манотиқи доманакӯҳ хостааст, ки дар ин рӯзҳои сард хеле ҳушёр бошанд, тамоми қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва барои ҳезумчинӣ, шикор ё моҳигирӣ ба кӯҳҳо нараванд.

Бино ба  гузориши дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон,  барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир хатари фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрезиро дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ хеле боло бурдаанд. Аз ҷумла, субҳи 23 январи соли 2023, соати 08:20, дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги зиёде аз кӯҳ фурӯ рехта, боиси вайрон шудани хонаҳои истиқоматии се сокини ин деҳа шудааст. Хушбахтона, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯшон ҳаҷми зарари расида бар асари ин офати табииро муайян мекунад.

Дар робита ба сатҳи баланди хатари фурӯрезии сангу тарма ва селҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хостааст, ки чораҳои бехатариро риоя карда, дар ин рӯзҳо дар манотиқи кӯҳистону доманакӯҳ аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳистонӣ, сайругашт дар кӯҳҳо ва шикору моҳигирӣ қатъиян худдорӣ варзанд. Кумита ҳамчунин аз сокинон хостааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок иҷтиноб биварзанд ва ронандагон дар роҳҳо суръат ва фосилаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button