
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19-уми январи соли 2023, тахминан соати 16:30 ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд. Бо талоши ҳамсоҳо писарбача аз марг наҷот дода шуд. Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 дақиқа идома кард. Билохира ҷасади ӯро 30 метр поитар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидони ин духтари ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳамзамон аз падарону модарон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд. Ҳатман фарзандонатонро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоед!
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Оила” хабар дод, ки духтари ҳалокшуда Амина ном дошт ва ҳангоми наҷоти додаронаш ғарқ шудааст. Ин нашрия ба нақл аз як сокини Ҳисор ин ҳодисаро чунин тасвир кардааст: “Амина, ки дар синфи 8 мехонд, аз хонаи худашон, ки дар деҳаи Гачак воқеъ гаштааст, ҳамроҳи ду додарчааш ба хонаи бобою бибиаш ба деҳаи Навобод меҳмонӣ рафтааст. Ҳангоми бозгашт бародаронаш ба дарё меафтанд ва Амина барои наҷот додани додарчаҳояш худро ба дарё меандозад. Ба духтарак муяссар гаштааст, ки додарчаҳояшро аз об барорад, вале худаш аз об баромада натавонист, ғарқ мешавад…”