ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ИСТАРАВШАН ЯК ҶАВОНЗАН ЯК МАРДРО КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2023 аз ошкор шудани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод.

Аз ҷумла нисбат ба  марди 46-солаи сокини шаҳри Исфара бар асоси қисми дуюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо айни иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин сокини Исфара ба он айбдор мешвад, ки рӯзи 15-уми январи 2023, тахминан соати 12:30, дар кӯчаи Б.Маҳкамови шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ва бе ягон асос бо марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пойяш ба аъзои бадани ҷабрдида задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба як ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст. Худи ин ҷавонзан барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи ВКД, ӯ  шаби 4-уми январи соли 2023, тахминан соати 19:30, дар хонаи истиқоматии марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур қарор дошта, бино бар ба миён омадани муносибати оштинопазирии оилавӣ баҳсу мунозира намуда, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба қафаси синаи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дода нашудааст. Ин ҳам гуфта нашудааст, ки марди ҷабрдида оё ба ин ҷавонзан чӣ нисбати хешовандӣ дошт?
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button