ВидеоИқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВИИ “МЕҲРУБОН”-РО БАРҲАМ ДОД

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” ба сабаби “дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ” ва бар асоси ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе аз ҳаққи  идомаи фаъолияташ маҳрум карда шуда, иҷозатномаи онро қатъ кардаанд. Ин ширкат 29 майи соли 2019 аз рёсати Бонки миллӣ иҷозатнома барои анҷом додани фаъолиятҳо дар бозори суғуртаи Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия гуфт: “Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, таҳти №3 бинобар сабаби дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар асоси ҳалномаи эътибори қонунипайдокардаи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11 октябри соли 2022 оид ба бекор кардани иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”, моддаи 14Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №59 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, қатъ гардид”.

Дар асоси қарори мазкур идораи назорати суғуртавии Бонкми миллии Тоҷикистон уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.

Бонки миллӣ дар бораи сабабҳои қатъи фаъолияти ширкати “Меҳрубон” тафсилоти дигар надодааст. Намояндагони ин ширкат низ қазияро то ҳол шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон дар умум 16 ширкату ҷамъияти суғуртавӣ кор мекард, ки аз ин шумор танҳо якеаш давлатӣ ва боқӣ ғайридавлатӣ будаанд. Бино ба омори Бонки миллӣ, ширкатҳои суғуртавии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2022 дар маҷмӯъ 79 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда, ҷамъи умумии дороиҳояшон ба 612 миллион сомонӣ расидааст. Ин созмонҳо, бино ба омори расмӣ, дар 9 моҳи соли гузашта ба маблағи 17 миллион сомонӣ ҷубронҳои суғуртавӣ пардохт кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button