ВидеоКоррупсия

14 ҲАЗОР ДОЛЛАР КАМӢ КАРД… РАИСИ ИДОРАИ ОБУ КОРЕЗИ ИСТАРАВШАН ДАР УТОҚИ КОРИАШ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 50 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА БА ДАСТ АФТОДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба додгоҳ супурда шудани парвандаи Алиев Алӣ Ашӯрович,  раиси ҳамакнун собиқи Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан хабар дод.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванд гуфт: “Алиев Алӣ зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14 ҳазор доллари ИМА гирифта, боз овардани 50 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Аммо бо онки сухан дар бораи гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор меравад, парвандаи Алӣ Алиевро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург ҷамъубаст кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда имсол баробари 68 сомонӣ, ё 6,5 доллари амрикоист) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то д12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун қаллобӣ корбаст кардани парвандаҳои порагирии мансабдорон хеле зиёд мушоҳида мешавад. Дар аксари мавридҳо дар додгоҳ ин мансабдорони порахӯр бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, бо чунин шеваи муҷозоти “раҳмдилона” нисбат ба порахӯрон ҳукумати Тоҷикистон ягон шанси пирӯзӣ бар коррупсияро, ки ба як падидаи фарогир ва кушандаи рушди кишвар табдил ёфтааст, надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button